Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» дар шаҳри Риёз
ДУШАНБЕ, 31.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. 30 майи соли 2018 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ дар шаҳри Риёз доир ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки 3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, брифинги матбуотӣ орост.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, таваҷҷуҳи зиёд ба таърих ва таҷрибаи сулҳсозии Тоҷикистон, талошҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини сулҳу осоиш ва ҳамчунин ба усулҳои пешгирӣ аз ифротгароии динӣ ва тарғиби исломи муътадилу таҳаммулпазир зоҳир гардид.
Бо истифода аз фурсати муносиб доир ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об, истифодаи босамари захираҳои фаровони обии кишвар ба ҳозирин маълумоти ҷолиб пешниҳод гардид. Зимнан иттилоъ дода шуд, ки 20-22 июни соли 2018 Тоҷикистон мизбони Конфронси сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 хоҳад буд.
Масоили вобаста ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорию сайёҳӣ, аз ҷумла, роҳандозии хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ низ аз мавзӯъҳои муҳими брифинг буд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






