Олимону рӯзноманигорони тоҷик аз осорхонаи устод Айнӣ, воқеъ дар Самарқанд боздид намуданд

Май 11, 2018 11:25

ДУШАНБЕ, 11.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 140-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ як гурӯҳ аз олимону рӯзноманигорони тоҷик, аз ҷумла набераи устод Айнӣ Эраҷ Айнӣ, Диловари Лоиқ, шоири русзабон Алексей Афғонов, рӯзноманигори аксбардор Шуҳратёр аз осорхонаи ба номи Айнӣ воқеъ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон боздид намуданд.

Меҳмононро шоири маъруфи Самарқанд Аслиддин Қамарзода, забоншинос Амина Шарофиддинова ва мактаббачагон ҳамроҳӣ карданд. Дар рафти боздид аз ҳаёту фаъолият, асарҳои эҷодкарда ва заҳмату талошҳои адиби забардаст дар рушди адабиёти тоҷик сухан гуфта шуд.

Зикр гардид, ки осорхона ба ҳаёт ва фаъолияти илмиву адабии шоир ва нависандаи маъруфи тоҷик, тарҷумон ва адабиётшиноси варзида Садриддин Айнӣ бахшида шудааст. Он аз ҳуҷраҳои истиқоматӣ ва ду утоқи кории устод иборат буда, асарҳои ҷовидонаи «Ғуломон», «Одина», «Ятим», «Мактаби куҳна» ва «Исёни Муқаннаъ» дар ҳамин ҷо офарида шудаанд.

Хотиррасон менамоем, ки осорхонаи устод Айнӣ дар маркази қисмати қадимаи шаҳри Самарқанд, дар наздикии ансамблҳои меъмории «Регистон» ва «Гӯри мир» ҷойгир шудааст. Устод дар ин хона қариб 35 сол, то оғози солҳои 50 – уми асри гузашта умр ба сар бурдааст. Хона аз ду қисм иборат буда, қисмати аввали он охири асри XVIII – оғози асри XIX сохта шудааст. Қисмати дуюми онро устод бо рафиқонаш солҳои 30–юми асри гузашта бо дастони худаш бино кардааст.

Дар осорхона метавон бо ашёи худи устод, аз ҷумла, мизи кориаш шинос гардид. Дар кунҷи хонаи нақшинкорӣ сандалии устод нигоҳ дошта шудааст. Дар ҳавлӣ ниҳолҳои шинондаи устод қомат афрохтаанд. Намунаи рӯзнома ва маҷаллаҳое, ки дар нимаи аввали асри ХХ бо забони тоҷикӣ нашр мешуданд, низ дар ҳамин ҷо гирд оварда шудаанд.

Баъди боздид аз осорхона дар факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқанд бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён конференсияи илмӣ доир гардид. Иштирокдорон дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти устод Айнӣ маърӯза ва шеърҳо қироат карданд.

Май 11, 2018 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд