Омодагии бозорҳои пойтахт ба моҳи шарифи Рамазон мавриди санҷиш қарор дорад

Май 17, 2018 09:04

ДУШАНБЕ, 17.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре огоҳӣ дорем, чанд соли охир баробари фаро расидани моҳи шарифи Рамазон дар мамлакат аз ҷониби баъзе тоҷирону савдогарони бозорҳо бе  ягон асос  боло бурдани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла, гӯшт,  орд, равған, биринҷ, тухм ва шир ба мушоҳида мерасид, ки  ин боиси ташвиши аҳолӣ мегардид. Махсусан ин ҳолат бештар дар пойтахти  ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе ба назар мерасид.

Соли дуюм аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  баҳри пешгирии ин амали носавоб тадбирҳои  зарурӣ  андешида, бо  мақсади  таъмини фаровони  бозорҳои пойтахт  бо маҳсулоти ниёзи аввалия  дар моҳи шарифи Рамазон аз воситаҳои самаранок истифода мебарад.

Тавре сармутахассиси Раёсати  рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе Дилшод Махсумов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод,  баҳри ғановати дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт  дар моҳи шарифи Рамазон  аз ҷониби  сохторҳои марбута  дар  ҳамаи бозорҳои шаҳр новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ аз болои нархи  маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла, нархи  гӯшт, орд, равған, биринҷ, шакар, шир,  тухм,  картошка,  сабзӣ, пиёз ва ғайра назорати қатъӣ бурда мешавад.

Д. Махсумов  ҳамчунин  зикр кард, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ   барои  соли 2018  тасдиқ  гардидааст, ки тибқи он, Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе»  вазифадор гардидаанд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҷиҳати ташкили ярмаркаҳо ва иштироки  корхонаю хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ  андешанд.

«Раиси шаҳр  ба раисони ноҳияҳои пойтахт супориш додааст, ки   дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳрӣ бобати дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани  ин ярмаркаҳо, ҷойгир кардани ғуфра ва растаҳои  савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошанд,  чораҷӯӣ  намоянд. Дар ин замина,   сохторҳои марбутаи пойтахт вазифадор  гардидаанд, ки  риояи  қоидаҳои савдо, тартиботи ҷамъиятӣ ва зиддисӯхторӣ, сифат, нархи маҳсулот ва  талаботи санитарию гигиениро дар доираи салоҳияти худ таъмин намоянд», — афзуд Д. Махсумов.

Роҳбарони бозорҳои коммуналии пойтахт низ  муваззаф гардидаанд,  ки дар моҳи шарифи Рамазон  фурӯши  маҳсулоти ниёзи аввалияро  бе миёнаравҳо дар бозорҳои шаҳр  таъмин намуда,   барои деҳқононе, ки маҳсулоти худро ба фурӯш мебароранд, шароит ва афзалияти ҳамаҷониба  фароҳам оварда, онҳоро   аз пардохти ҳаққи ҳамаи намуди хизматрасониҳо, ки дар бозорҳои шаҳр тибқи муқаррарот муайян гардидаанд, бо пуррагӣ озод  намоянд.

Ҳамчунин ба зиммаи маъмурияти бозорҳои коммуналӣ зери масъулияти шахсии директорони бозорҳо бевосита бо истифода аз маблағҳои молиявии худӣ ҳамарӯза харид, воридот ва фурӯши маҳсулоти дар ҳудуди кишвар истеҳсолшаванда, вогузор  шудааст.

Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» вазифадор  шудааст, ки дар моҳи шарифи Рамазон дар асоси шартнома бевосита бо истеҳсолкунандагон хариди орд, гӯшти чорво, тухм, шир, картошка, сабзавот ва ғайраро ташкил намояд.

 Тавре  директори Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» Фаррух Хушвахтов зикр кард,  ҳоло дар корхонаи мазкур бо ин мақсад  5 ҳазор тонна шакар, ба миқдори зарурӣ  картошка, пиёз ва  сабзӣ захира шуда, ба хотири боло нарафтани нархи гӯшт ҳар рӯз забҳи 30-35 чорвои шохдори калон дар назар дошта шудааст.

«Имсол дар моҳи шарифи Рамазон сокинону меҳмонони пойтахт бо маҳсулоти ниёзи аввалия ба таври фаровон ва бо нархҳои дастрас  таъмин мегарданд», — итминон дорад Ф. Хушвақтов.

Алҳол комиссияи таъсисёфтаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе омодагии бозорҳои  пойтахтро ба   моҳи шарифи Рамазон, ки имрӯз, 17 май дар Тоҷикистон фаро расид, санҷиш дорад.

                                                                                                    Рухсораи НУР,

                                                                                                   АМИТ «Ховар»

Май 17, 2018 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»