Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар шаҳри Бейрути Лубнон соҳиби 7 медал гардиданд

Май 15, 2018 13:19

ДУШАНБЕ, 15.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. 10-13 май дар шаҳри Бейрути Лубнон Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон доир гашт, ки дар он варзишгарони тоҷик сазовори 7 медал шуданд.

Тавре аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, варзишгарони тоҷик дар рақобатҳо миёни наврасон 4 медал ва миёни ҷавонон 3 медал ба даст оварданд.

«Миёни наврасон Сулаймони Ҷамшед дар вазни 60 кг медали нуқра, Фарорун Мирзошоев дар вазни 55 кг, Ғаниҷон Ғаниев дар вазни 73 кг ва Эмомризо Қурбонов дар вазни 90 кг медалҳои биринҷии мусобиқаро сазовор шуданд, — омадааст дар хабари Федератсияи дзюдо. Дар қувваозмоиҳо миёни наврасон 178 варзишгар аз 20 давлати қораи Осиё иштирок карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 варзишгари наврас дар 6 вазн муаррифӣ намуданд».

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки миёни ҷавонон Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -73 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -81 кг медали нуқра ва Давлаталӣ Назаралиев дар вазни -55 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни ҷавонон 196 варзишгар аз 22 давлат иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро 11 варзишгар ҷавон (10 писар ва 1 духтар) намояндагӣ  карданд.

 

 

Май 15, 2018 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд