Падамжа Ханделвал, роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон, НБО «Роғун»-ро иншооти бузурги стратегӣ арзёбӣ намуд
ДУШАНБЕ, 15.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор /ХБА/ таҳти сарварии Падамжа Ханделвал, ки роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон мебошад, бо ҳамроҳии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ҷиҳати шиносоӣ бо корҳои сохтмонии иншооти бузурги стратегӣ аз ҶСК «НБО Роғун» дидан кард. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, зимни сафар Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба ҳайати намояндагии ХБА оид ба Неругоҳи барқии обии «Роғун», аҳамият ва нақши он дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва мавқеи он барои минтақаи Осиёи Марказӣ, зарурати ҷалби сармоягузорӣ баҳри расидан ба ҳадафҳои рушд маълумот дод.
Инчунин муовини директори ҶСК «НБО Роғун» Маҳмадсаид Шамсуллозода дар бораи таҳияи лоиҳаи ин иншоот, хусусиятҳои техникӣ, гидроэнергетикӣ ва аз ҷиҳати техникӣ, сейсмикӣ устувор будани он маълумоти муфассал манзур намуд.
Роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон Падамжа Ханделвал баъди шиносоӣ бо корҳои сохтмонии НБО «Роғун» онро иншооти хеле бузург ва стратегӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки Тоҷикистон кори ниҳоят бузургро азм кардааст.
Бояд гуфт, ки Ҳайати намояндагии ХБА таҳти роҳбарии Падамжа Ханделвал аз 12 то 23 майи соли 2018 ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи иқтисодӣ, аз ҷумла низоми бонкӣ ва таҳияи шарҳи иқтисодӣ оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.










Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






