Парвоз дар масири Душанбе – Истамбул ҳафтае се маротиба сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 15.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар доираи барномаи рушди хатсайрҳо парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Истамбул-Душанбе афзоиш медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» ширкати «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.
Дар ин росто аз 20 май «Сомон Эйр» хатсайри Душанбе-Истамбулро ҳафтае се маротиба — рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе иҷро менамояд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 5.30 ва парвоз аз Истамбул – 21.30 бо вақти маҳаллӣ мебошад.
Дар робита, моҳи апрел ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» намояндагии расмии худро дар шаҳри Истамбул таъсис дод. «Ин иқдом дар ҷараёни кори тӯлонӣ бо Туркия бобати даст кашидан аз ҳамкории фосилавӣ, аз байн бардоштани заруриятҳои гуногуни эҷодшаванда ва ҷоннок кардани раванди корӣ ба миён омад», — зикр менамояд Директори генералии ширкат Томас В. Ҳаллам II. Намояндагии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» манфиатҳои ширкат ва мусофиронро дар фурудгоҳ ҳимоя намуда, бо мақомоти ҳокимияти маҳалливу дигар ташкилотҳо оид ба масъалаҳои ташкил ва иҷрои парвозҳо, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон ҳамкории зич ба роҳ монда, ҳамзамон риояи меъёрҳову тартиботи муқаррарнамудаи ширкатро таъмин менамояд ва аз рӯи кори низоми фурӯши интиқолоти ҳавоӣ назорат мекунад. Алҳол «Сомон Эйр», ки аз моҳи сентябри соли гузашта узви ИАТА мебошад, бо муваффақият парвозҳоро аз Тоҷикистон ба самти кишварҳои Германия, АМА, Туркия, Чин, Россия ва Қазоқистон анҷом медиҳад. Парки ҳавопаймоии ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737 – 300, -800 ва -900 иборат мебошад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






