Раиси ноҳияи Тоҷикобод бо донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт мулоқот намуд
ТОҶИКОБОД, 25.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Раиси ноҳияи Тоҷикобод Нодираи Маҳмадисо бо донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт доир ба суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» мулоқот намуд.
«Шабакаҳои интернетӣ омиле мебошанд, ки ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ ба сафҳои худ аъзои навро ҷалб намуда, ба амалҳои террористӣ ва экстремистӣ истифода мебаранд. Ҳангоми истифодаи интернет ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳед, то фирефтаи найрангҳои чунин гурӯҳҳо нагардед. Имрӯзҳо тариқи оинаи нилгун мебинем, ки дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму эстремизм ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор овардааст», — таъкид намуд Н. Маҳмадисо ба донишҷӯён.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, таҳсили хуб ва дуруст ба воя расонидани ҷавонон тамоми шароитҳоро муҳайё намудааст. Донишҷӯёнро зарур аст, ки аз ин имкониятҳо хуб истифода намуда, барои омӯхтани касбу ҳунар талош варзанд.
Ёдовар мешавем, ки дар вохӯрӣ бо донишҷӯён ҳамчунин роҳбарияти донишкада ва кормандони дастгоҳи раиси ноҳияи Тоҷикобод иштирок намуда, дар масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва баланд бардоштани маърифати фарҳангию ҳуқуқии онҳо ибрози андеша намуданд.
Тибқи иттилои масъулини ноҳия дар донишкадаю донишгоҳҳои олии ҳудуди ҷумҳурӣ 605 нафар донишҷӯён аз ноҳияи дурдасти Тоҷикобод таҳсил менамоянд, ки аз ин шумора 173 нафарашонро донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ташкил медиҳад.










Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






