Раиси вилояти Суғд ҷавононро ба омӯхтани дониш ва саҳмгузор будан дар пешбурди соҳаҳои гуногуни кишвар даъват намуд
ХУҶАНД. 05.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар партави иҷроиши дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва ҳамчунин дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ моҳи май баргузор мегардад, давоми чанд рӯз охир дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои олии миқёси вилоят баргузор гардида истодааст.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, чунин мулоқот бо намояндагони се донишгоҳ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ доир гардид.
Қабл аз ғози мулоқот раиси вилоят аз намоиши дастовардҳои ташкилкардаи муассисаҳои олии вилоят, аз ҷумла китобҳои таълифнамудаи олимон, либосҳои миллии маҳсули дасти тарроҳон, мусаввараҳо, макети биноҳо, лоиҳаҳо ва ихтирооти барномасозон ва энергетикон шиносоӣ намуд.
Зимни мулоқот бо устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои миқёси вилоят раиси вилояти Суғд аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ёдовар шуда, баён дошт, ки маҳс бо сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ шумораи муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ афзуда, ҳазорон нафар соҳибтахассус шудаанд. Дар ин радиф, саҳми донишгоҳҳои дар миқёси вилояти Суғд амалкунанда низ дар самти омодасозии мутахасисон назаррас буда, имрӯз ҳар яки ин донишгоҳҳо чун махзани илму маърифат ба яке аз бонуфузтарин муассисаҳои таълимӣ ва илмии мамлакат табдил ёфтаанд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони муосир ҳайати устодону профессорони донишгоҳҳоро зарур аст, ки доир ба мавзӯъҳои мубрами рӯзгори ҷомеа, аз қабили тарғиби дастовардҳои даврони истиқлолият, арзишҳои волои фарҳангӣ ва миллӣ, ташаббусҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ дар кишвар, ифтихори ватандорӣ, масъалаҳои тарбияи ҷавонон, масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа, мубориза бар зидди падидаҳои номатлуб корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намоянд.
Раиси вилоят хосатан аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бо истифода аз шароити созгор, имкониятҳои ақливу зеҳнӣ ва моддиву техникии ин боргоҳҳои маърифат самаранок истифода бурда, дар қатори устодони хеш дар пешбурди технологияи муосир, рушди бемайлони илм, идомаи анъанаҳои неку созанда, омӯзиши таҷрибаҳои ибратпазири кишварҳои мутараққӣ қадамҳои устувор гузоранд.
Дар фарҷоми мулоқот чанде аз устодону донишҷӯён барои дастгириҳои ҳамешагӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, баён доштанд, ки дар оянда низ мекӯшанд дар пешбурди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакатамон саҳмгузор бошанд.
Маврид ба зикр аст, ки баргузории чунин мулоқот бо намояндагони ду муассисаи олии дигари вилоят — Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон низ дар назар аст.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






