Сафари расмии Алекен Еминбахэ дар Тоҷикистон ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 25.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитоии вакилони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Алекен Еминбахэ ва ҳайати ҳамроҳони ӯ, ки бо сафари серӯза ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буданд ба Ҷумҳурии Қазоқистон парвоз намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки зимни сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алекен Еминбахэ ва ҳайати ҳамроҳони ӯ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд.
Меҳмони олиқадр ҳамчунин аз Осорхонаи миллӣ, «Кохи Наврӯз», Маркази барқу гармдиҳии «Душанбе-2», майдони «Дӯстӣ», Боғи Устод Рӯдакӣ, Маҷмааи Нишон ва Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойҳои зебоманзараи ноҳияи Варзоб дидан намуд.
Алекен Еминбахэ пеш аз парвозаш дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки тайи даҳ соли охир ҳаҷми умумии муомилоти молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Чин ба маротиб зиёд гардида, ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноат ва кишоварзӣ ҳамчун аз самтҳои афзалиятнок тақвият ёфтаанд.
Номбурда аз иштироки ширкатҳои чинӣ дар татбиқи барномаҳои инфрасохторӣ ва иртиботот, қабл аз ҳама, роҳҳо, пулҳо, шабакаҳои об, хаттҳои интиқоли барқ ва васоили иттилоотӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
«Мо аз Тоҷикистон бо таассуроти рангин ба Чин бармегардем. Пазироӣ ва меҳру муҳаббати самимии мардуми шарифи Тоҷикистонро дар ҳар лаҳза эҳсос менамудем. Орзуманди онем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҳамин хел орому осуда бимонад!»,-гуфт дар анҷом Алекен Еминбахэ.








Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






