Имрӯз Сарвазири мамлакат бо рафти корҳо дар сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ ва фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Данғара шинос шуд

Май 8, 2018 16:00

ДУШАНБЕ, 08.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрўз дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шинос шудан  бо  рафти  корҳои сохтмонии корхонаҳои азими истеҳсолӣ ва фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзӣ  Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода  ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафар намуд.

Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода  сараввал аз Минтақаи Озоди Иқтисодии Данғара боздид ба амал овард.  Дар ин ҷиҳати рушди соҳаи иқтисоди миллӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ амалӣ шуда,   дар кӯтоҳтарин муҳлат дар ҳудуди минтақаи мазкур азимтарин кохонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз менамоянд, ки ба болоравии иқтидори истеҳсолии мамлакат мусоидат хоҳанд кард.

Дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара чанд сол қабл сохтмони корхонаи нафт оғоз гардида буд, ки мувофиқи  нашқаи пешбинишуда  навбати  аввали он дар арафаи ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд. Ин сеюмин корхонаи бузурги нафт дар  минтақаи  Осиё хоҳад буд, ки дар Тоҷикистон сохта мешавад.  Ба иттилои масъулин, дар навбати аввал ин корхона иқтидор дорад, ки 500 ҳазор тонна нафтро коркард намояд.

Ҳамчунин баҳри таъмини коргоҳу корхонаҳои ҳудуди минтақа бо барқ ду хатти алоҳидаи барқ аз истгоҳи барқрасонии “Сангтуда-1” дар масофаи 15 километр ва аз истгоҳи барқрасонии “Шар-шар” дар масофаи наздики 25 км оварда мешаванд. Интиқоли барқ аз истгоҳи барқрасонии “Сангтуда-1”  оғоз гардида, дар истгоҳи барқрасонии “Шар-шар” корҳо бо маром идома доранд.

Дар Минтақаи  озоди иқтисодии Данғара 23 субъект ба қайд гирифта шудаанд, ки айни замон 9 адади онҳо фаъолияти худро шурўъ намуда, дар дигар субъектҳо корҳо ҷараён доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар чор моҳи соли 2018 дар ин минтақаи озоди иқтисодӣ ба маблағи 3,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд ва ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба андозаи  8 дарсад  зиёд аст.

Бо шаклу шеваи кори худ Минтақаи озоди иқтисодии Данғара дар маркази таваҷҷуҳи сармоягузорон қарор дорад. Зеро минтақаи мазкур барои  соҳибкорон афзалиятҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод намуда, ҳамзамон аз лиҳози ҷойгиршавии ҷуғрофӣ низ барои сармоягузорон қуллай аст. Барои ҳамлу нақл дар дохили минтақа роҳи оҳан мавҷуд буда, ҳамчунин аз ин мавзеъ то пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе масофаи роҳ 90 км, то гузаргоҳи сарҳадии Панҷи Поён, ки дорои пули мошингузар аст, 122 км ва то гузаргоҳи наздисарҳадии Кокули ноҳияи Фархор 120 километрро ташкил медиҳад.

Яъне шароити мусоиди роҳ ва дастрасӣ ба манбаъҳои ҳамлу нақл барои ҷалби бештари сармоягузорон мувофиқ аст ва ин шароиту имконият дар оянда метавонанд рушди бештари минтақаро таъмин созад.

Дар идомаи сафар ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷараёни корҳои сохтмонии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Син Силу Текстил” ва дигар корхонаҳои истеҳсолии ноҳия шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки дар айни замон дар ин корхона сохтмони марҳилаи дуюми истеҳсоли маҳсулоти ресандагӣ ба итмом расонида шуда, корҳои васлу насби таҷҳизот ҷараён доранд.

Сарвазири  мамлакат аснои шиносоӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Син Силу Текстил” бо назардошти суръати пасти корҳои сохтмонӣ аз масъулон талаб намуд, ки корҳои сохтмонии иншооти мазкур бояд тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муҳлати пешбинишуда,  бо сифати баланд ба анҷом расонида шаванд.

Ҳамчунин Савазири мамлакат дар идомаи сафар бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии “Имоми Аъзам” ва “Хуросон” шинос шуд.

Дар тобеияти хоҷагии деҳқонии “Имоми Аъзам”  82 гектар замин мавҷуд  буда, аз он 72 гектарашро боғҳои мевадиҳандаи ба содирот нигаронидашуда ташкил медиҳанд.

Роҳандозии тадбирҳои зарурӣ ба деҳқонони хоҷагии мазкур имкон фароҳам овардааст, ки дар баробари таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза содироти онро низ ба хориҷи кишвар ба роҳ монанд.

Бо назардошти ҳамин аҳли заҳмати ноҳияи Данғара барои равнақ додани соҳа ва дар ин замина қонеъ намудани талаботи аҳолӣ тамоми имконоти мавҷударо дар асоси нақша, таҷриба ва имкоти мавҷуда дар амал татбиқ мекунанд.

Май 8, 2018 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Лахш барои фаъолияти самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон беш аз як миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст
Чӣ тавр тарофаро дар якчанд дақиқа метавон фаъол кард?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
50 ҳазор аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо оби тозаю безарари нӯшокӣ таъмин мегарданд
Ба Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҷҳизоти нави озмоишӣ дастрас карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали байналмилалии «Шилингел» дар Олмон намоиш дода шуд
Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
«КИТОБХОНА — КОХИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши дӯстдорони китоб доир шуд
Дар шаҳри Панҷакент пойгоҳҳои обкашӣ барқарор карда мешаванд
Доир ба нақши забони давлатӣ дар таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамоиш баргузор гардид