Суди ноҳияи Файзобод Нури Туркиамони Ромин Ороҷалиро бо гуноҳи мастӣ 15 ҳазор сомонӣ ҷарима намуд
Файзобод, 31.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Суди ноҳияи Файзобод шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон Нури Туркиамони Ромин Ороҷалиро барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт дар асоси моддаи 332-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, нисбат ба ӯ бо ин модда ҷазои маъмурии ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда, баробар ба 15 ҳазор сомонӣ таъйин намуд. Суд ҳамчунин ҷавобгарро аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 сол маҳрум кард. Дар ин бора муовини раиси Суди ноҳияи Файзобод Файзулло Мирзозода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Нури Туркиамони Ромин Ороҷалиро нозирони ШБДА ШВКД-и ноҳияи Файзобод дар шоҳроҳи Ваҳдат – Рашт, дар ҳудуди Ҷамоати доҳоти Меҳробод зимни дар ҳолати мастӣ дар ҷойи ҷамъиятӣ идора намудани воситаи нақлиёташ дастгир намудаанд. Дар натиҷаи муоинаи тиббӣ маълум гардидааст, ки номбурда дар баробари шароб истеъмол кардан боз моддаҳои нашъадор низ истифода намудааст.
Файзулло Мирзозода гуфт, ки пас аз ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафи чунин қонуншиканиҳо кам гардидааст. Чунки дар қонун барои дар ҳолати мастӣ бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт ҷазоҳои пешбинигардида вазнин карда шудаанд. Аз ин рӯ қисми зиёди шаҳрвандон имконияти пардохти 15 ҳазор сомонӣ надоранд ва намехоҳанд ба муҳлати 15 шабонарӯз ҳабс шаванд.
Суди ноҳияи Файзобод соли равон бо моддаи 332 барои дар ҳолати мастӣ бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт ва моддаи 337-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зиёда аз 11 парвандаро баррасӣ намудааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






