«Тоҷикстандарт»: дар тамоми бозорҳои ҷумҳурӣ тарозуҳои назоратӣ насб гардиданд
ДУШАНБЕ, 25.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар тамоми растаҳои бозорҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе аз 1 то 4 адад тарозуҳои аз санҷиши мутобиқати давлатӣ гузаронидашуда насб гардида, дар болои онҳо навиштаҷоти «Тарозуҳои назоратӣ» овезон шудааст. Минбаъд ҳар як харидор метавонад ҳангоми шубҳа пайдо намудан ба миқдори маҳсулоти ғизоии харидааш аз ин воситаҳои ченак истифода барад.
Дар ин бора аз Агентии стандартизация, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, чанде пеш бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон тариқи истифодаи тарозу ҳангоми харидории маҳсулоти ғизоӣ роҳбарияти Агентӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони Раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченак дар бозорҳои шаҳри Душанбе мониторинг гузаронида, маълум намуданд, ки дар аксари онҳо талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» ва стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон СТ ҶТ 1066-2005, «Хизматрасонӣ дар бозорҳо» ҷиҳати дар ҷойҳои муайяни бозор гузоштани тарозуҳои назоратӣ риоя намегардад.
«Барои бартараф намудани камбудии мазкур ва ба тартиб даровардани истифодабарии тарозуҳои назоратӣ дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо роҳбарону масъулони бозорҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа масъалаи мазкур то ҳадди зарурӣ ҳалли худро пайдо намуд»,- иттилоъ дод манбаъ.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






