ҲУНАРИ КОРДСОЗӢ – ЯКЕ АЗ «БРЕНДҲО»- И ШАҲРИ ИСТАРАВШАН. Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар бораи маҳаллаҳои ҳунармандони тоҷик

Май 4, 2018 11:14

ДУШАНБЕ, 04.05.2018, /АМИТ «Ховар»/. Маҳсули меҳнати ҳунармандони моҳир ва устоҳои чирадаст дар ҳама давру замон харидор ва ҳаводорони худро дошту имрӯз ҳам дорад. Онҳое, ки аз ҳунар огоҳӣ доранд ва маҳсули меҳнати асилро мешиносанд, ба ҳунар ва ҳунарманд эҳтироми махсус зоҳир менамоянд. Алоқамандони ҳунар барои ба даст овардани маҳсули офаридаҳои ҳунармандони моҳир ҳеҷ чизро дареғ намедоранд ва маблағҳои зиёдро сарф менамоянд. Зеро онҳо медонанд, ки ҳунарманд барои офаридани як асар ё маҳсулоти оддӣ чӣ қадар заҳмат мекашад. Аз қалби хеш ва бо меҳру муҳаббат онро меофарад. Аз ин сабаб, барои нафари аз ҳунар огоҳ,  кори дастии ҳунарманд қадри зиёд ва афзалият дорад.

Бисёре аз шахсиятҳои маъруф ва ҳунармандони машҳур либосҳо ва пойафзолҳоеро интихоб ва ба бар мекунанд, ки дастӣ омода шуда бошад. Барои ба даст овардани он маблағи зиёд сарф менамоянд. Маҳсули дастӣ омодашударо туҳфа мекунанд ва дар худ нигоҳ медоранд, яъне қадр менамоянд.

Тоҷикон аз қадим мардуми ҳунарманд ва ҳунардӯстдор буданд. Ҳунар дар Тоҷикистон ҳамеша қадрдонӣ мешуд ва ҳунарманд болонишин буд.

Имрӯз низ ҳунар ва ҳунарманд қадру манзалати хоса дорад. Ҳунармандони тоҷик кори падару бобо ва гузаштагону устодони худро идома дода истодаанд. Маҳсули меҳнати онҳо ҳоло ҳам барои сокинони кишвар арзишманд буда, барои сайёҳони хориҷӣ ҷолиб ва таваҷҷуҳбарангез аст.

Як назари сарсарӣ ба асарҳои гузаштагони мо кофӣ аст, ки қаҳрамонҳои зиёди ҳунармандро пайдо намоем. Дар асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ «Кова ва Заҳҳок» яке аз қаҳрамонҳои асосии он Кова оҳангар буд ва байни мардум обрӯю эътибори баланд дошт.

Имрӯз ҳам дар Тоҷикистон кӯчаву маҳалҳои зиёдеро пайдо кардан мумкин аст, ки ба номи ҳунарманду ҳунармандӣ вобаста аст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сокинони ин маҳалҳо ҳунармандони моҳиру чирадасте буданд, ки маҳсули офаридаи онҳо харидорони зиёд дошт ва шогирдонашон кори онҳоро идома дода, то ба имрӯз расонидаанд. Ва аз ин ҷо номи маҳаллаву кӯчаҳое ба мисли «Оҳангарон», «Чармгарон», «Кордсозон», «Сӯзангарон» ва даҳҳову садҳои дигар пайдо шудаанд.

Дар шаҳри Истаравшан ҳунармандӣ яке аз машғулияти аслии мардуми бумӣ ба ҳисоб мерафту меравад. Ҳунармандони моҳир ва чирадасти ин шаҳр дар тамоми Осиёи Марказӣ машҳур буданд ва маҳсули дасти онҳо дар шаҳрҳои бузурги минтақа, ба мисли Самарқанду Бухоро фурӯхта мешуд. Ҳунармандони  Истаравшан  дар баробари офаридани маҳсулоти гуногун  ҳамчунин давомдиҳандагони ҳунари худро омода менамуданд ва фарзандону шогирдони онҳо кори онҳоро идома медоданд. Имрӯз ҳам кори устоҳои моҳирро фарзандону наберагон ва шогирдони онҳо давом дода истодаанд.

Маҳаллаҳои «Оҳангарон», «Равғангарон», «Кулолгарон», «Қолинбофон», «Қассобон» ва боз чандин кӯчаҳои дигар, аз зумраи маҳаллаҳое ҳастанд, ки сокинони он ҷо бо ҳунармандӣ машғуланд.

Кордсозӣ яке аз ҳунарҳоест, ки хоси мардуми Истаравшан аст. Дар ин шаҳр кордсозони моҳир имрӯз ҳам кори устодони худро идома медиҳанд ва кордҳои сохтаи онҳоро сайёҳони ин шаҳр бо шавқи хос харидорӣ мекунанд. Метавон гуфт, ки имрӯз кордсозӣ яке аз «бренд»-ҳои ин шаҳр ба ҳисоб меравад. Ҳеҷ яке аз сайёҳи ба ин шаҳр омада, бе корд онро тарк намекунад.

Маълумоти АМИТ «Ховар»:

Кордсозӣ   навъе аз ҳунари анъанавии мардуми тоҷик аст, ки ба бахши оҳангарӣ марбут мебошад. Корд ҳамчун асбоби рӯзгор, асосан, аз пӯлод сохта мешавад. Корд аз қисмҳои зерин иборат аст: теғ, гулӯбанд, даста, сарбанд.

Барои теғи корд, имрӯзҳо, баъзе қисмҳои пӯлодии мошину тракторҳои азкорбаромада истифода мешаванд. Дар гузашта пӯлодро дар шаҳрҳои калон мегудохтанд, ё аз кишварҳои дигар меоварданд.

Кордсозон ду навъи пӯлод: пӯлоди сафедро барои кордҳои армуғонию рӯзгорӣ ва пӯлоди сиёҳро, ки сахту буротар аст, барои кордҳои шикорӣ ба кор мебаранд. Гулӯбанди кордро аз 3-4 хел маъдан тайёр мекунанд. Он бештар аз мис, сурб, қалъагӣ, нуқра сохта мешавад. Дастаи кордро аз шоху устухонҳои ҳайвонот (бузи кӯҳӣ, оҳу, гов), чӯб, баъзан аз фулуз, шиша ва маъданҳои дигар низ месозанд. Аз ҳама корди гаронбаҳо дастааш аз шохи каркадан ва оҷи фил ба шумор меравад.

Сарбанди корд низ ба монанди гулӯбанди он аз мису сурб ва ё нуқра сохта мешавад. Ҷараён ва усули сохтани корд чунин аст: тахтапӯлодро дар оташи қура сурх карда, болға кӯфта, ба шакли теғ медароранд. Ҳамин тавр, пӯлодро 3-4 бор дар оташ сурх намуда, бо болға кӯфта, дар об меандозанд, ки ин амалро «обутобдиҳӣ» меноманд. Тавассути обутобдиҳӣ зичии пӯлод сахт мешавад. Теғи ҳосилшударо нахуст дар чархи сангаш дағал, сипас дар санги маҳинтар, баъдан дар санги резинӣ (чармӣ) ва намадӣ (мӯйина) дошта, тунуктару ҳамвор мекунанд.

Дастаи кордро аз устухон ва ё шохи ҳайвонот бурида, дар чарх ҷойҳои дағали онро ҳамвор намуда, мобайнашро барои гузаронидани дастаи теға мувофиқ мегардонанд. Дастаҳо ду хел мешаванд: яклухт (сухма), ки аз миёнаш сӯрох мекунанд ва дукафон (ёрма) – аздутарафи даста ду устухонро бо мехи мисин пайванд менамоянд. Дар қисми болои даста қолаберо омода карда, ба он нуқра, биринҷ, сурб ё маъдани дигареро гудохта, мерезанд. Онро бо сӯҳон соида, ба шакли гулӯбанд табдил медиҳанд. Сарбанди корд низ дар қолаб аз нуқра, сурб, биринҷ ва ғайра рехта мешавад. Баъзе сарбандҳо каҷ буда, барои аз даст наафтидани корд мувофиқ кунонда мешаванд. Гулӯбанду сарбанд аз дутарафи даста ҷой гирифта, дастаро аз ҷудошавӣ нигоҳ медоранд. Дар кордсозӣ нақшҳои ислимӣ, ҳандасавӣ, занҷира, тасвири офтобу моҳу ситора ва ғайра ба кор меравад. Нақшҳоро дар теғу даста ва гулӯбанду сарбанд ба тарзи ҳаккокӣ, насбнамоӣ ва рангубор додан анҷом медиҳанд. Ғилофи кордҳо аз чарм, чарми сунъӣ, чӯб, шохҳои оҳу ва буз сохта мешаванд. Дар даруни ғилофҳо чарми сахт ё картонро ба шакли хонаи теға ба девораҳои ғилоф пайванд мекунанд. Аз берун ғилофҳо бо нақшҳо, рангҳои гуногун ва чармпораҳо ороиш дода мешаванд. Ғилофи кордҳои армуғониро аз чӯби чормағз, устухон, шохҳои оҳу ва бузҳои хонагию кӯҳӣ сохта, бо нуқраву қалъагӣ, сурб ва рангҳо дар он нақшҳо тасвир мекунанд.

Санъати кордсозӣ дар Истаравшан, Исфара, Ҳисор, Хистеварз маъмул аст.

Таърихшинос Шераки Ориён мегӯяд, Панҷакент, яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон ҳам шаҳри ҳунармандон буд. Дар ин шаҳр маҳаллаи «Сӯзангарон» ҳаст, ки сокинони он аслан ба истеҳсоли сӯзан машғул буданд. Сӯзани истеҳсолкардаи онҳо дар водиҳои Зарафшону Фарғона харидорони худро доштанд.

«Инчунин, дар ин маҳалла онҳое, ки сӯзанӣ медӯхтанд, зиёд буданд. Сӯзаниҳои дӯхтаи онҳо дар тамоми минтақа ва берун аз он машҳур буд. Ягон маъракаҳо бе сӯзанӣ намегузашт. Имрӯз ҳам сайёҳон дар ҷустуҷӯи сузаниҳо ба ин шаҳр меоянд ва сӯзаниҳои қадимаро меҷӯянд. Дар Панҷакент кӯчаи баққолӣ буд, ки дӯконҳои алоҳида дошт ва маҳсулоти гуногуни дастӣ истеҳсолшуда ҳам  фурӯхта мешуд. Кӯчаҳои оҳангарон, чӯянгарон, хумгарон ва шонагарон буданд, ки то солҳои 1950-1960 вуҷуд доштанд, аммо имрӯз, мутаассифона, натанҳо номи ин кӯчаҳо фаромӯш шудаанд, балки устоҳои моҳири он ҳам нестанд», — мегӯяд Шераки Ориён.

Ин гуна маҳаллаҳоро дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон пайдо кардан мумкин аст. Маҳаллаи «Чармгарони боло», «Чармгарони поён», «Нонвойи боло», «Нонвойи поён» дар шаҳри Кӯлоб машҳур аст.

Шуғли асосии сокинони маҳаллаи «Чармгарон» истеҳсоли маҳсулоти чармӣ буд. Тибқи маълумоте, ки дар китоби «Энсиклопедияи Кӯлоб» оварда шудааст, дар ин маҳалла тақрибан 40 устои чармгар буд ва ҳар яке аз онҳо ду – се нафар шогирд ё ёвар доштанд. Маҳсулоти чармие, ки устоҳои кӯлобӣ истеҳсол мекарданд, харидорони зиёд дошт.

Тавре аз номи маҳалла бармеояд, дар кӯчаи «Нонвойи боло» ва «Нонвойи поён» нонпазҳо ва кулчапазҳои моҳир истиқомат доштанд. Онҳо гирда, чаппотӣ, ғафсак, фатир, кулчафатир, кулчаи ширмол, кулчаи равғанӣ пӯхта, гармогарм ба бозор мебароварданд.

Ин гуна маҳалҳо зиёданд, аммо боиси таассуф аст, ки бисёре аз ин маҳаллаҳо фаромӯш шудаанду дар он кӯчаҳо устоҳои моҳир намондаанд. Шераки Ориён барои тарғиб ва аз нав эҳё кардани кори ҳунармандони тоҷик ва маҳаллаҳои таърихии ҳунармандон, пешниҳод менамояд, ки дар шаҳрҳои қадима ва пойтахти кишвар растаҳои хунармандон ташкил карда шаванд ва кори дастии ҳунармандони тоҷик муаррифӣ ва пешниҳоди сайёҳон гардад. Ӯ аз кишварҳои Юнон ва Туркия мисол меорад, ки дар шаҳрҳои кадима ҳамин гуна растаҳо ва маҳаллаҳо мавҷуданд . Ӯ мегӯяд: «Хонаҳо дар шаҳрҳои қадимаи ин кишварҳо ба таври аҷиб сохта шудаанд. Дар қабати аввали бино устохона ва дӯкон ва дар қабатҳои болоӣ хонаҳои истиқоматӣ бунёд шудаанд. Туркҳо дар ин самт хеле пешрафта ҳастанд ва мо бояд аз таҷрибаи онҳо истифода кунем».

Воқеан дар кишварҳои Туркия, Миср, Ҳиндустон, Юнон ҳунарманд ва ҳунармандӣ хеле хуб тарғиб карда мешаванд ва барои онҳо имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудааст. Аз ин сабаб, соҳаи сайёҳӣ дар ин кишварҳо рушд кардаву ҳар сол миллионҳо нафар барои тамошои маконҳои таърихии ин давлатҳо сафар мекунанд.

Бисёре аз сайёҳони хориҷӣ дар баробари тамошои минтақаҳои сайёҳии кишвар, ба кори дастии ҳунармандон таваҷҷуҳи беандоза доранд ва харидорӣ менамоянд. Вақти бозгашт ба наздикони худ ҳамчун туҳфа маҳсули меҳнати ҳунармандони тоҷикро мебаранд. Яъне, ҳунармандӣ ва кори дасти устоҳои моҳир яке аз унсурҳои аслии муаррификунандаи Тоҷикистон ба сайёҳони хориҷӣ аст.

Ба номи ҳунарманду ҳунармандӣ гузоштани маҳаллаҳои алоҳида, гувоҳӣ аз он медиҳад, ки мардуми тоҷик аз қадим ба ҳунар эҳтироми махсус зоҳир мекарданд ва зиндагии худро аз ҳисоби меҳнати худ пеш мебурданд. Яъне тоҷикон сокинони бумии ин сарзамин буда, ҳазорсолаҳо ин ҷониб дар ин диёри пурфайз зиндагонӣ мекарданду урфу одат, анъанаҳо ва машғулиятҳои худро доштанд ва ба он эҳтиром мегузоштанд.

Дар Хуҷанд, Ҳисор, Конибодом, Исфара ва дигар шаҳрҳои қадимаи тоҷикон чунин маҳаллаҳо зиёданд ва бо як навишта наметавон онро барои хонанда пурра муаррифӣ кард. Барои муаррифии пурраи онҳо вақти зиёд лозим аст. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ омили беҳтарин барои омӯзиш ва муаррифии чунин маҳалҳо ва ҳунармандони он аст, ки бояд ба роҳ монда шавад.

 Ҷасур АБДУЛЛО,

АМИТ «Ховар»

 

Май 4, 2018 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва бедор кардани эҳсоси ҳифзи марзу бум нақши муассир дорад», — бардошт аз ҳамоиш дар Кумитаи рушди сайёҳӣ
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Чиндао Бинҳайи Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария муаррифӣ шуданд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
Хатсайрҳои сайёҳӣ бо мақсади шиносоӣ бо таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст шуданд
Дар Исфара оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар рушди сайёҳӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботӣ – интихоботӣ доир гардид
РОҒУН-ШАҲРИ ПИСАНДИДАИ МЕҲМОНОН. Дар нуҳ моҳ беш аз 7 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ ба тамошои он омаданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил гардиданд
Дар Кувайт зарфияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар самти сайёҳӣ тақвият мебахшанд