«Вақте мешунавам ҷавонони тоҷик ба созмонҳои сияҳкори иртиҷоӣ пайваста, узви ташкилоти террористӣ-экстремистӣ шудаанд, худро гунаҳкор медонам», – шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Май 31, 2018 14:57

ДУШАНБЕ 31.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Мо бояд минбаъд низ доир ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иктисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ кӯшиш кунем» — бо ҳамин суханони Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон шумораи навбатии нашрияи «Ҷумҳурият» (29.05.2018, №106) ба дасти хонандагон расидааст. Дар ҳошияи суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар нашрия мақолаи таҳлилиро бо сарлавҳаи «Иттиҳоди миллӣ шарти зиндагии озоду ором дар ҷаҳони ноором аст» чоп кардааст. Муаллифи мақола Н.Нурзод оид ба таҳдидҳои замони муосир, ки Сарвари давлат дар мулоқот оқибатҳои ногувор доштани онҳоро таъкид карданд,  изҳори назар карда, чунин навиштааст: «Имрӯз бо назардошти шиддат гирифтани таноқузи фикрӣ ва маънавӣ дар ҷаҳони муосир, тахриби андешаҳои инсоният бар асари ифротгароию хилофкорӣ ва бадбиниву хушунат руҷӯи дубораи Пешвои миллат ба ин масъала барҳақ ҳушдорест, дар навбати аввал, ба ҷомеаи кишвар, ки чун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ин мушкилот дар мамлакати мо ҳам доман задааст». Воқеан ҳам суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи Тоҷикистон паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ояндаи мамлакатро фаро гирифта, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли ҷомеа, олимон, зиёиён ва ходимони динро барои фаъол будан ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаи ҷомеа даъват менамояд. Бо нишони ҳамовозӣ аз суханронии Пешвои миллат дар мулоқоти таърихӣ бо намояндагони ҷомеаи Тоҷикистон дар шумораҳои дигари нашрияи расмии «Ҷумҳурият» мақолаҳои зиёд дар ин мавзӯъ ба нашр расидаанд.

Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Абдулло Ҳабибулло бо сарлавҳаи «Таассуби диниро рӯшноии зиёӣ аз байн мебарад» мақолаи ҷолиб пешкаши хонандагони «Ҷумҳурият» (30.05.2018,№107) намудааст. Муаллиф менависад: «Вақте мехонаму мешунавам, чӣ миқдор ҷавонони тоҷик ба кишварҳои ҷангзадаи арабӣ рафта, бо созмонҳои сияҳкори иртиҷоии ДОИШ ва монанди он пайвастаанд, ё узвияти ташкилоти террористӣ-экстремистии наҳзати исломро пазируфтаанд, худро гунаҳкор медонам. Чаро? Чунки ман ҳамчун як зиёӣ, як омӯзгор натавонистаам аз зеҳни ҳамдиёрам боварҳои иртиҷоии диниро берун кунам». Дар идома муаллиф сабабҳои таҳти таъсири идеологияи бегонагон мондани ҷавонони моро шарҳ дода, оид ба таърихи сиёсигардонии ислом дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ маълумот пешниҳод намудааст. Дар мақола ҳамчунин нақши хоинона ва таъсири душманонаи ташкилоти террористӣ-экстремистии наҳзат дар сиёсикунонии ислом нишон дода шудааст.

Нашрияи Маҷлиси Олӣ «Садои мардум» дар баробари хабарҳои расмӣ якчанд маводи ҷолиби журналистӣ дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ, сайёҳӣ, таърихӣ, аз ҷумла, мақолаҳои: «Табиати Тоҷикистон сайёҳонро мафтун кардааст», «Таассуроти аввалин фотеҳони Дилварзин», «Хамиртуруши анъанавӣ. Эҳё ва истифодаи густурдаи он чӣ манфиат дорад?», «Дуздӣ дар масҷид»-ро нашр кардааст.  Муаллифи мақолаи «Хамиртуруши анъанавӣ» баъд аз овардани мулоҳизаҳои худ дар бораи зарари хамиртурушҳои сунъии хушк пешниҳод кардааст, ки хамиртуруши анъанавӣ эҳё карда шавад: «Ҳоло ки тарзу усули тайёр кардани хамиртуруши анъанавӣ фаромӯш нашудааст, шояд ба истифодаи густурдаи он баргардем», зеро нонҳои бо хамиртуруши анъанавӣ пухташуда мағор намебанданд ва зуд хушк намешаванд.

«Минбари халқ» — нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз ҷараёни иштироки ҳайати ҲХДТ дар аввалин Форуми ҳизбҳои сиёсии кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардидааст, гузориш чоп карда, мусоҳибаи хабарнигори худро бо муовини директори Агентии «Тоҷикстандарт» И.Вализода бо сарлавҳаи «Вазифаи мо поксозии бозори истеъмолӣ аст» пешниҳоди хонандагон кардааст. Мақолаи дигари нашрия «Чӣ фарқ дорад?! Ё худ фарҳанги муносибат беҳбудӣ мехоҳад» дар мавзӯи хеле муҳим: рафтору гуфтори муҳоҷирони меҳнатӣ дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои гуногуни Россия нақл мекунад. Муаллиф дар он навиштааст, ки вақте дар фурудгоҳи Екатеринбург бақайдгирии хатсайрҳои дигар кишварҳоро эълон мекарданд, як нафар корманди фурудгоҳ ҳамаро аз қайд мегузаронид, вале вақте ба қайдгирии парвози Тоҷикистон эълон гардид, дар назди гузаргоҳ 8 нафар кормандону хизматчиён аз ду тараф қатор истоданд. Вақте аз корманди пулис сабаб пурсидам, ҷавоб дод, ки мардуми шумо навбат истодану ботартиб гузаштанро наомӯхтаанд: «Вақти гузаштан чунон ғалоғула мекунанд, ки ҳам асабҳои мо ва ҳам асабҳои худро хароб мекунанд, ҳамдигарро пахш карда, кӯшиш мекунанд, ки пештару тезтар гузаранд». Мутаассифона, чунин ҳолат чандин сол боз идома дошта, касеро ба ташвиш наовардааст.

Навиштаҳои дигари муаллифони «Минбари халқ» бо сарлавҳаҳои «Адибе дар мақоми сарбоз», «Фарбеҳӣ бори гарон аст»,  «Табассум меъёри меҳмоннавозист», «Суннати ҳамсоядорӣ» ва «Симфонияи манзум», ки дар мавзӯъҳои гуногун иншо шудаанд, аз тарафи хонандагон хуш пазируфта хоҳанд шуд.

Нашрияи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе «Мароми пойтахт» бахшида ба Рӯзи таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ мусоҳибаи хабарнигори худро бо фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ чоп карда, бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мақолаи Н.Нуровро бо номи «Фарҳанги мардумӣ – бозтоби ҳувияти ҳунарӣ» ба нашр расонидааст.

Май 31, 2018 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Чӣ гуна худ ва атрофиёнро аз чангу ғубор муҳофизат намоем?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои фоиданокӣ қаламфури булғориро бе коркард, дар шакли тару тоза истифода баред
Дар шаҳри Бӯстон сохтмони корхонаи муосири забҳи парранда идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо гузашти 28 сол аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон бештар эҳсос мешавад
Фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз воситаҳои муассири таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад
Муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода: «Мардум ба Пешвои миллат боварӣ ва эътимод дорад»
Тоҷикистон дар партави ваҳдати миллӣ ба сӯи шукуфоии нав қадам мегузорад
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПОЯИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА НЕРУИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб