«ЯК РӮЗИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ». 5 май дар Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Май 1, 2018 12:01

ДУШАНБЕ, 01.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида   Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 5 майи соли равон дар Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии «Як рӯзи велосипедронӣ» доир мешавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҳамоиши мазкур кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишҷӯён ва хонандагони синфҳои болоӣ бидуни хизматрасонии нақлиётӣ тавассути дучарха ба кор ва машғулиятҳо ҳозир мешаванд. Мақсад аз роҳандозӣ намудани иқдоми мазкур ин рушди оммавигардонии варзиши намуди велосипедронӣ ва тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад.

Ҳамчунин давоми рӯз дар боғҳои фарҳангӣ — фароғатӣ ва гулгаштҳои ҳудуди ҷумҳурӣ сокинон ба таври васеъ ба ин намуди варзиш ҷалб карда мешаванд.

 

 

Май 1, 2018 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд