15 июн дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоии вилояти Суғд хони идона густурда мешавад

Июнь 13, 2018 18:00

ХУҶАНД, 13.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба иди Рамазон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ 15 июни соли равон дар 19 муассисаи иҷтимоӣ, аз ҷумла, хона-интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактаб-интернатҳо, мактаби бачагони ятим ва маъюб ва хонаҳои кӯдакони вилояти Суғд аз ҷониби роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва сарпарастони муассисаҳо барои бошандагон дастархонҳои идона ороста шуда, ҳамчунин барномаҳои фарҳангӣ пешниҳод мегарданд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» масъулин аз шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд.

Бояд гуфт, ки дар рӯзҳои ҳар иду ҷашнвора аёдат ва дасти саховат дароз намудан ба шахсони ниёзманд, яккаву танҳо, кӯдаконе, ки аз навозиш ва меҳру муҳаббати волидон дур мондаанд, амали хайру савоб ба шумор меравад.

Аз ҷумла, дар мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар 12 майи соли равон  доир ба фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон, рукнҳои он, таҳаммулпазириву эҳтироми якдигар, раҳму шафқат ва кумак намудан ба эҳтиёҷмандону камбизоатон сухан гуфта шуда, масъулини сохторҳои гуногун  вазифадор гардиданд, ки ин қишри ниёзманди ҷомеаро дар ин моҳи хайру сахо дастгирӣ намоянд.

Июнь 13, 2018 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд