Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият» роҳпаймоӣ доир менамояд
ДУШАНБЕ, 25.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият» дар ҳамкорӣ бо Созмони занони маъюб «Иштирок», «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон», Ассотсиатсияи волидони кӯдакони маъюб ва ТҶ «Пешравӣ» бо дастгирии молиявии фонди «Абилиси» – и Финландия ба нақша гирифтааст, ки пагоҳ, 26 июн ба муносибати ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон роҳпаймоӣ баргузор намоянд. Мавриди зикр аст, ки 22 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню–Йорк барои ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба ин ҳуҷҷати муҳим имзо гузоштанд.
Тавре раиси Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият» Фирӯз Ҳамроев хабар дод, мақсади роҳпаймоӣ баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ дар бораи Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон мебошад.
Дар роҳпаймоӣ беш аз 150 нафар шахсони маъюб, коршиносон аз хориҷи кишвар, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ВАО ширкат меварзанд. Роҳпаймоӣ аз даромадгоҳи боғи устод С.Айнӣ оғоз ёфта, зимни он ба роҳгузарон дар мавзӯи моҳияти Конвенсияи СММ «Оид ба ҳуқуқи маъюбон» варақаҳои иттилоотӣ тақсим мешаванд.
Инчунин бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намунаҳои маҳсули дасти маъюбон ба намоиш гузошта мешаванд.
Баҳри равнақ додани бозии баскетбол бо аробачаи маъюбӣ дар Тоҷикистон мусобиқаи баскетбол байни дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Ғайрат»-и шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






