Ҳаёт ва эҷодиёти як журналист, очеркнавис, фелйетоннавис ва гузоришгари нотакрор, ки метавонад ба ҳамкасбони мо намунаи ибрат бошад

Июнь 12, 2018 14:01

ДУШАНБЕ, 12.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 12 июн аз зодрӯзи нависанда, публитсист, адиб, журналист ва ходими ҷамъиятии рус Михаил Колтсов 120 сол сипарӣ гардид. Ӯ дар таърихи публитсистика ва журналистикаи замони шӯравӣ саҳми намоён дошт ва то ҳол номаш вирди забонҳост. Навиштаҳои  Михаил Колтсов самимӣ буданд ва ба бунёдкориву созандагӣ даъват менамуданд. Ҳаёт, фаъолият ва навиштаҷоти ӯ то ҳол аҳамияти худро гум накардаанд ва имрӯз метавон аз он дарси ибрат гирифт.

Оид ба паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти Михаил Колтсов мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  Бахтиёри ҚУТБИДДИН андешаҳои худро ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  Шукӯҳи ДАЛЕР чунин иброз дошт.   

Ёде аз Михаил Колтсов

Ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ устодон ба мо дар бораи журналистони шинохтаи шӯравӣ маълумот медоданд ва ҷузъиёти навиштаву фаъолияти онҳо чун намуна пеш оварда мешуд. Дар байни онҳо номи Михаил Колтсов бештар зикр мегардид. Дар бораи ҳунару истеъдоди ӯ маълумот пайдо мекардем, вале зиндагии ин шахсият бароямон чандон равшан набуд.

Аз устодон мефаҳмидем, ки Колтсов устоди фелетони замони шӯравӣ аст. Аз лаёқати ӯ дар бораи очерку эссенависӣ огаҳ мегардидем. Репортажнависи нотакрор будани ӯ бароямон маълум мегашт. Аз журналисти ҳарбӣ буданаш воқиф мегаштем. Дар Испания фаъолият доштану дар онҷо ба қуллаҳои камолот расидани ӯ бароямон ошкор мегардид. Дар шонздаҳсолагӣ дар касби навиштан комёб шудани ӯро мефаҳмидему хаёлан истеъдоди ӯро дар худ орзу мекардем. Зеро ӯ бароямон якбора журналисти муваффақи чанд ҷабҳа ба назар мерасид.

 Чанде аз саҳифаҳои ҳаёт ва фаъолияти М.Колтсов

Михаил Колтсов 12 июни соли 1898 дар шаҳри Киеви империяи Россия таваллуд шуда, 2 феврали соли 1940 дар шаҳри Москва дунёро падруд гуфтааст. Ӯ дар муҳиту фазои империяҳои Россияву ИҶШС зиндагӣ кардааст. Мавсуф шахсияти бонуфузи ҷамъиятӣ низ буд. Соли 1938 аъзо-корреспонденти Академияи улуми ИҶШС интихоб мегардад. Дар он солҳо вакили Шӯрои олии РСФСР интихоб мешавад. Аз соли 1928 то соли 1936 вобаста ба мақоми баланди ҷамъиятияш се маротиба осори мунтахаби ӯ ба табъ мерасад. Роҳбарии ҳайати вакилони давлати шӯравиро дар ҳамоишу нишастҳои байналхалқӣ ба ӯ бовар мекарданд.

Дар айёми тифлӣ ӯро Мойсей Ефимович Фридлянд мегуфтанд. Бо тахаллус ӯро баъдан Михаил Ефимович Колтсов меномиданд. Ӯ тахаллуси дигар — Мигел Мартинес низ доштааст. Мавсуф бо наср, публитсистика, очерк, роман ва фелетонҳояш маҳбуби як кишвари паҳновар гардида буд. Ҳанӯз дар омӯзишгоҳ бо бародари хурдияш Борис маҷаллаи дастнависи мактабиро нашр мекарданд. Бародараш карикатурист буд ва рассоми хуб ба ҳисоб мерафт.

Аз соли 1916 ба кори газета мепайвандад ва аввалин навиштаҳояш ба нашр мерасанд.   Соли 1919 ба хизмати ҳарбӣ меравад ва он ҷо низ дар газетаи ҳарбии «Красная звезда»-и Киев фаъолият мекунад. Аз соли 1922 то соли 1938 чун мухбири махсуси нашрияи «Правда» фаъолият кардааст. Дар навиштани фелетонҳои сиёсӣ маҳорати комил дошт. Бо иқдоми ӯ фаъолияти маҷаллаи «Огонёк» ба роҳ гузошта мешавад ва як муддат муҳаррири он мешавад. Яке аз таъсисдиҳандаҳои маҷаллаи «За рубежом» буд.

Дар баробари ин  бо маҷаллаҳои «Бегемот»,«Крокодил» ва «Чудак» ҳамкорӣ мекард ва як муддат ба сифати муҳаррири  маҷаллаҳои «Крокодил» ва «Чудак» низ кор кардааст. Дар таъсиси маҷаллаҳои «Советское фото» ва «За рулем» низ нақши марказӣ дошт. Фаъолият дар ин маҷаллаҳо ӯро яке аз устодони фелетон гардонид. Дар давоми фаъолияташ зиёда аз 2000 мақолаҳои матбуотӣ ба табъ расонидааст. Ба давлатҳои гуногун сафарҳо карда, ҳамчун журналисти байналхалқӣ низ шинохта мешавад.

Колтсов дорои истеъдоди фавқулода буд

Михаил Колтсов истеъдодманде буд, ки ҳанӯз дар 19-солагии худ ҳамчун журналисти боҷуръат бо мусоҳибаҳо ва очерку фелетонҳояш дар ҳама идораҳои рӯзномаҳои Петроград машҳур гардида буд. Нигоҳи ӯ, сабку услуби ӯ, шакли пешниҳоди ӯ мутафовут буд ва рӯзномаҳо ба чунин ҳунарвар ниёз доштанд. Ӯ доим дар меҳвари рухдоду воқеот қарор мегирифт.

Вақте дар оғози солҳои бистум аз фронт бармегардад, ба шуъбаи иттилоотии «Наркоминдел» (ВКХ-и онвақта) ба кор медарояд ва баъди ин фаъолияташ дар нашрияи «Правда» оғоз мешавад, ки самти минбаъдаи фаъолияти журналистии ӯро равшан менамояд. «Правда» боис мешавад, ки Колтсов ба аксар нуқтаҳои мамлакат сафар намояд. Дар шахтаву метроҳо, кушодашавии НБО-ҳову ба кор шурӯъ кардани заводу фабрикаҳо ва дигар ҷабҳаҳо иштирокчиву мушоҳидакори фаъол буд.

Осори адибони дохиливу хориҷиро хуб меомӯхту медонист. Осору эҷоди Бернард Шоу, Ромэн Роллан, Анри Барбюс, Эрнест Хемингуэй, М.Горкий ва дигарон ба сабку услуби М.Колтсов таъсири амиқ мегузоштанд.

Сабк, услуб ва маҳорати М.Колтсов

Сабку услуб ва шеваи эҷоди ин журналисту публитсисти шинохта нотакрору омӯзанда аст. Дар таҷрибаи журналистӣ маълум аст, ки аксари қаламкашони шинохта бо нигориши хос дар доираи як мавзӯъ ба қуллаҳои эҷод мерасанд. Яке дар соҳаи иқтисод, дуввумӣ дар соҳаи сиёсат, саввумӣ дар соҳаи варзишу фарҳангу амсоли он бо пайвастагиву робитаи доимӣ шӯҳратёр мешаванд.

Ё ин ки аксар журналистон бо жанри дӯстдоштаи худ ба қуллаҳои эҷод мерасанд. Аммо ин хусусиятҳо барои М.Колтсов бегонаанд. Фаҳмиши «Репортёр касбашро иваз менамояд»- ин,  пеш аз ҳама, таҷрибаи М.Колтсов аст, ки воқеаву ҳаводисро дар шаклу қолаби наву ҷолиб пешниҳод менамояд.

Ӯ танҳо дар як жанр қувва намеозмуд ва эҷоди ӯ танҳо аз як самту мавзӯи эҷодӣ иборат набуд. М.Колтсов аз услуби нақли тасвирӣ дар дараҷаи баланд корбаст карда метавонист. Тамаллуқ хоси ӯ набуд ва аз паи танқид рафтан низ шеваи доимии кораш ба ҳисоб намерафт. Хосияти фалсафии нигоштаҳояш дараҷаи баланд дошта, масъаларо дар сурати асл нишон дода метавонист. Ҳунари бозгӯ кардану нишон додан ӯро дар пешниҳоди матлаб хеле осон комёб мегардонид. Ин усул ва услуб ӯро ёддоштнавис ва эссеисти машҳур гардонида буд. Махсусан маҷмӯаи ӯ бо номи «Рӯзномаи Испания» то ҳол бо равониву дилчаспӣ ва ҷолибу хонданбоб буданаш аҳамияти худро гум накардааст.

Маҷмӯаи «Россия чӣ тавр озод шуд?» даҳҳо паҳлӯҳои ҷолиби роҳи сиёсиву иҷтимоии кишварашро бозтоб мегардонид. Сафарнома ё қайдҳои сафараш   як кишвари бегонаро барои хонанда хеле  равшану возеҳ ошно менамуд. М.Колтсов аз сафари худ ба Испания аз журналист ба шахсият табдил ёфта буд. Эрнест Ҳеменгуей дар баъзе мавридҳо М.Колтсовро рафиқу наздики худ медонист ва ӯро ба сифати қаҳрамон дар яке аз асарҳои худ қарор додааст.

М.Колтсов бо бародари худ (Борис Ефимов) орзуҳои падарашонро бароварда карда буданд. Яке журналисти шӯҳратманд ва дигаре рассому карикатуристи шинохта гардиданд. Ҳаҷв барои ин ду бародар шеваи аслии таъсир ба мафкура ба ҳисоб мерафт. Ҳар як фелетони ӯ дар миқёси собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тавассути нашрияи «Правда» зуд паҳн мегашт.

Ҳаҷви М.Колтсов  созанда буд, на сӯзанда. Сарлавҳаҳои навиштаҳои ӯ оҳанги ҳикоятӣ доштанд ва адабиётро дар публитсистика ҷойгоҳ мебахшиданд. Навиштаҳои ӯ, ба монанди «Сафари охирин», «Сайди бузург»,   «Маҳсули сурх», «Мурғобии нуқрагун», «Шеъри сулҳ», «Инсони оянда», «Вохӯриҳои ҳайратбахш» ва ғайраҳо ҳар кадом дар як они воҳид баҳсҳову вокунишҳои зиёд ба вуҷуд меоварданд. Ин истеъдод то ҳанӯз барои қаламкашони ҷавон омӯзандаву нотакрор мебошад.

Июнь 12, 2018 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ багузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд
Дар Хуҷанд доир ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи минтақавӣ баргузор гардид