«ҲАЗОРОН ҶОН ФИДОИ ОШНОЕ…». Имрӯз – Рӯзи байналмилалии дӯстон

Июнь 9, 2018 09:11

ДУШАНБЕ, 09.06.2018./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 9 июн Рӯзи байналмилалии дӯстон таҷлил карда мешавад. Ин иди ғайрирасмист ва онро кӣ бори аввал ба миён андохтааст, маълум нест. Ҳадаф аз таъсис ва таҷлили он таъкид сохтани аҳамияти дӯстӣ байни инсонҳост. Дӯст- ин неъмати гаронарзишро  наметавон бо пул харид, дархост кард, тақдим намуд, онро танҳо метавон ба даст овард, ба он танҳо метавон сазовор шуд.

Шабакаҳои иҷтимоӣ, дастраскунандагони алоқаи мобилӣ  аксияҳои муфид доир менамоянд, ки тавассути онҳо дӯстон аз якдигар ёд мекунанд, ба суроғ ва аёдати  якдигар мераванд, ҷамъомаду суҳбатҳо  барпо мекунанд, аз моҳият ва аҳамияти дӯстӣ ҳарф мезананд.  Дӯстӣ тавсеа пайдо мекунад, сарҳадҳоро байни инсонҳо, кишварҳо, миллатҳо  ва забонҳо  убур месозад. Рӯзи байналмилалии дӯстон гувоҳи ин гуфтаҳост.

Дар ин рӯз донишманди адабиётшинос  ва рӯзноманигори тоҷик Ҳафиз РАҲМОН ба яке аз дӯстони содиқаш номае навишта, онро дар саҳифаи худ дар шабакаи Фейсбук ниҳодааст.  Номаи бисёр ҷолиб аст ва мактубҳои Толстой, Горкий, Айнӣ, Улуғзода ва дигар бузургони илму адабро ба устодону шогирдон ва  дӯстону наздиконашон ба ёд меорад…  Қисмати аввали ин номаро, ки ба фазилатҳои дӯстӣ бахшида шудааст, ба хонандагон пешкаш мегнамоем.

Инсон бузургтарин мавҷуди ҳастӣ, бошарафтарин махлуқи Худост. Софокли юнонӣ, ҳамоне, ки «Шоҳ Эдип»-аш олами ҳунарро то кунун мусаххар кардааст, дар «Антигона» ном фоҷиааш менависад: «Дар олам муъҷизаҳо бисёранд, лекин волотарини муъҷизот инсон аст». Оре, ин дромнависи маъруф дар шинохти табиати одам, олами ботинӣ ва гирудори зеҳнии ӯ воқеан чирадаст буд, инсонро аз мавқеъҳои гуногуни бархӯрдҳояш бо олами ашё тасвир мекард.

Адиби дигаре, ки дар инсоншиносӣ баҳо надорад, Акутагаваи японист. Дар «Дарвозаҳои Расёмон»-аш одамеро тасвир мекунад, ки дар як они воҳид аз одами муқаррарӣ ба даррандае бераҳм табдил мешавад. Инро парадоксҳои психикаи инсонӣ мегӯянд. Дар адабиёти  рус аз Николай Лесков дида, адиби инсоншиносеро пайдо кардан мушкил аст. Дар адабиёти  худамон Мавлонои Рум улгуи дигарон аст. Ин муқаддима асос дорад.

Дар масъалаи шинохти инсон ягон воситаи дигар ба ҷуз осори адабӣ барои ҳар одам таъсиргузор нест. Маҳз адабиёт аст, ки чашми инсонро барои шинохту эътирофи инсони дигаре боз мекунад, чун ҳама инсонҳо дар заминаи олами ашё дар қиёсу таҳлил гирифта мешаванд. Равоншиноси маъруф — Эрих Фромм дар ин маврид мегӯяд: «Парадокси ҳастии инсон ҳамин аст, ки ӯ дар як вақт ҳам наздикӣ ва ҳам истиқлол, иттиҳод бо дигарон ва нигаҳдошти вижагиҳои худро дорад». Ин се хосият – ҳам қаробат бо дигарону ҳам истиқлоли фардӣ ва ҳам ҳифзи асолати хеш инсонро муътабар сохтааст.
Аксар вақт мо аз кам будани дӯстонамон шикоят мекунем ва ҳар дам мегӯем, ки дӯстони ҷониро ёфтан муҳол аст… Аз Саъдӣ шеъри машҳурашро (забониву нониву ҷонӣ) меорем, аз ҳикмати мардумӣ иқтибос мекунем, ки дӯст ва инсони воқеӣ дар лаҳазоти фоҷиа — мушкилоту печидагиҳои рӯзгор маълум мешавад. Чаро маҳз дар фоҷиаҳо? Инсони якрӯву покизаназар, дӯсти воқеиву ҳақиқӣ дар ҳама ҳолат якест, чӣ дар фоҷиаҳо ва чӣ дар хушҳолиҳо… Ин ки Саъдии бузургвор – забониву нониву ҷонӣ мегӯяд, на анвои дӯстон, балки падидаҳои гуногуни характеру хисоли одамист. Мавқеи банда чунин аст – ё дӯст ҳаст ва ё нест. Миёнаҷо вуҷуд надорад. Мисле ки муҳаббати ҳақиқӣ ё ҳаст ё нест.

Дар замонаш Эпикури бузург «миёнаҷои тиллоӣ» ном назарияе бароварда буд ва банда онро хеле сода тафсир хоҳам кард: аз дарахт ибрат бигиред, ки шохаҳои болояш аз камтарин бод меҷунбанд, хавфи шикастанаш ҳаст ё захмин шудан, поёнаш ончунон мустаҳкам аст, ки умуман ҳаракоте надорад, чун реша аст. Пас, инсони оқил миёнаҷоро интихоб мекунад, миёнаҷо муътадил аст, на беҳаракатист ва на хатари таназзул… Аз ин мавқеъ, такрор ҳам бошад, мегӯям – ё дӯст ҳаст ва ё нест, онҳое, ки сухани хуб дар мавриде мегӯянд ва ё зиёфатро дӯст медоранд, одамони муқаррариву табииянд, лаҳзае бо Шумо хушсуханӣ мекунанд, ё бо Шумо ва аз ҳисоби Шумо ғизое мехӯранд ва ба роҳашон мераванд. Онҳо масъул нестанд, ки мушкилоти Шуморо ҳал кунанд, ҳамсуҳбати муваққатӣ ва ҳамнишину ҳамрози чандлаҳзаинаанд.

Аз ҷониби дигар, инсон наметавонад, ки бо назардошти ин қадар мушкилоти зиндагии шахсӣ мудом дар андешаи каси дигаре бошад, доиман аз пайи ӯ равад ва мушкилкушояш бошад… Ин гуна инсони идеалӣ дар осори ҳунарӣ ҳаст, аммо дар зиндагии воқеӣ бисёр кам аст.

Ҳоло банда ба он дараҷаи камол нарасидаам, ки пандгӯ бошам (барои банда шояд ҳазорсола мутолиаву таҷриба зарур бошад, ки мутафаккир шавам), аммо мисоле меорам: аз дӯсте барои ниёзе ҷиддӣ маблағе гирифтам, аммо баъди чанде бозпас гардонидани онро тақозо кард. Ҳарчанд тоҷири доро буд ва мушкилаш ҳамин буда, ки барои хариди коло пайсаи бештаре боистӣ ҷамъ оварад. Ин ҷо ду мушкил — мушкили ману мушкили ӯ пеши назар аст: мушкили ин дӯсти тоҷир нисбат ба мушкили банда андаке буд, аз они банда ба сиҳатӣ ё зиндамонӣ рабт дошт, аз ин хотир, ӯ мебоист ин далелро аз рӯи қавоиди дӯстӣ ба инобат мегирифт. Чун ин андешаро напазируфт, ҳеч айбе нест, чун мувофиқ ба тавони дӯстиаш рафтор кард, як ҳиссаи дӯстиро иҷро кард. Кореро анҷомид, ки дар тафаккур ва сатҳи дунёфаҳмиаш қарор дошт. Аз ин фарохтар наметавонист, чун иқтидори фаҳму даркаш ба ҳамин дараҷа буд.

Аммо ӯро наметавон дӯсти комил номид. Сухан танҳо дар бораи дӯстӣ дар чорчӯбаи доду ситади пулӣ намеравад, ин меъёри дӯстӣ ҳам нест, ин як мисоли одӣ буд, ки ҳамин ҳоло ба ёд омад. Дӯсти комил дар марзи номус ва чаҳорчӯбаи ҳиммат қарор мегирад. Коре мекунад, ки касро гоҳо дар ҳайрат мегузорад, яъне ғайриинтизор, идея ва андешаҳоеро бароят ва ба фоидаат мегӯяд, ки худат дар бораи худат онро наметавонӣ дар мазраи тафаккур ҳосил кард ва гуфт. Оне, ки имкон (ҳам иқтисодиву ҳам фикриву маънавӣ) дораду хоҳиши кумак ба рафиқаш надорад, ба он истилоҳи дӯстие, ки мо мушаххас кардем, ворид намешавад.

Дӯстии устодон Айниву Лоҳутӣ ба ин мисол шуда метавонад. Соли даҳшатбори 1937-ум, вақте ки хатари марги яқин ба пайкари устод Айнӣ соя андохта буд (ӯро ба рӯйхати сиёҳ шомил карда буданд), устод Лоҳутӣ бо истифодаи ҳама қудрату имконоташ дар Маскав Айниро наҷот дод…

Дӯстии комил гоҳо ба тарзе зоҳир мешавад, ки ақли одам намегирад, фаразан Бернард Шоу маблағи ҷоизаашро ба адибе дод, ки ӯ дар чопи осораш танқисӣ мекашид, ҳарчанд худи Шоу ба пул эҳтиёҷ дошт… Ё сарнавишти Пастернакро ба хотир биёрем… Хулоса, мо ба ин ақидаем, ки дӯсти комил насиби онест, ки худаш каму беш комил аст, зеро инсони комил ҳамеша ба дӯст ниёз дорад, инсони комил танҳо комил буда наметавонад, танҳоӣ офат аст, офати рушди одам ва монеаи камолоти ӯ. Ҳар қадар инсон нокомил бошад, бояд иқдом кунад, то азизе комил дӯсташ бошад, мушовираш бошад, такягоҳаш бошад.

Парадокси дигар: дӯстии инсонҳои комил проблемаҳо ҳам дорад, бидуни ихтилофу моҷаро ҳам намешавад. Ба ёд биёрем дӯстии Волтери бузург бо шоҳи Пруссия Фридрихи дуюмро. Шоҳ барои ин файласуфи беназири Аврупо маоши ниҳоят кофӣ, кори мувофиқ ва дигар шароит муҳайё кард, аслан ғаразе аз дӯстӣ надошт, гоҳ-гоҳе шеърҳояшро ба Волтер медод, то таҳрирашон кунад. Аммо ҳасудону сифлатинатон миёни ин ду бузургвор мушкил эҷод карданд, бадгӯиҳоро паси ҳам ба ину он мерасониданд. Волтер аз дарбор рафту пулу молу хароҷотро ба қаҳр ба шоҳ баргардонд. Чанде пас онҳо боз дӯстии хешро эҳё карданд, аммо файласуф танҳо тавассути нома бо шоҳ муомила мекардагӣ шуд, дигар қаробат бо ӯро написандид. Агар критерияи асосии дӯстӣ дар мавриди аввал ҳиммат бошад, меъёри дуюм сидқ аст, аслан ҳарду реша дар сафои ботин доранд.

Арастуи ҳаким се манбаи дӯстиро зикр мекунад: шафқат, меҳрубонӣ ва манфиат. Дар фарҳанги ҳазору андсолаи мо, ки аслан ҳама чиз идеализатсия мешавад, аз ҷумла, дӯстӣ низ… Масалан, «дар дӯстӣ мулоҳизаи маргу зист нест…». Фикр мекунам, ки маънии ин мисраъ ба ҳолатҳои фоҷиабор дахл дорад, дар зиндагии муқаррарии бидуни ҷангу ҷидол ҳамон чизҳое кифоятанд, ки Арасту гуфтааст. Он манфиате, ки ҳакими бузург мегӯяд, воситаи камоли шахс аст, на фоидае, ки имрӯз вирди забони тоҷиру нотоҷиру акобир аст…

Июнь 9, 2018 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард