Бори нахуст дар ҷумҳурӣ Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои бонувон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 28.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 25 июни соли равон дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии Чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои бонувон баргузор шуд. Дар аввалин чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон, ки 4 июл оғоз гардида, моҳи сентябр ба анҷом мерасад, 6 даста: «Зебонисо» (Душанбе), «Хатлон» (Бохтар), «Равшан» (Кӯлоб), «Суғд» (Хуҷанд), «Барқ Норак» (Норак) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) иштирок мекунанд.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаи мазкур дар ду марҳила баргузор шуда, ҳар даста бо ҳамдигар бозӣ мекунанд.
Дар асоси қуръакашӣ дар даври аввал «Зебонисо» бо «Бохтар», «Равшан» бо «Регар-ТадАЗ» ва «Суғд» бо «Барқ Норак» вомехӯранд.
Тавре мудири шуъбаи футболи занонаи Департаменти техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилором Нусратуллоева иброз дошт, барои иштирок дар чемпионат ҳамаи шаш даста бо либосу пойафзоли варзишӣ (ду ҷуфтӣ) ва тӯб таъмин гардиданд. Ҳамчунин ФФТ хароҷоти сафари дастаҳо ва ҳаққи хизмати доваронро пардохт мекунад.
Ба гуфтаи Дилором Нусратуллоева, чемпионати мамлакат як марҳилаи омодагии дастаи мунтахаби занонаи кишвар ба мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад.
Дастаи мунтахаби занонаи кишвар оид ба футбол моҳи август дар Бозиҳои Осиё дар Ҷакарта, моҳи сентябр дастаи бонувони то 16-солаи кишвар дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2019 ва моҳи октябр дастаи бонувони то 19-солаи мамлакат дар даври интихобии марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2019 ширкат хоҳанд кард.








ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд
«Cоро компания» ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид
Соли 2025 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор медал ба даст оварданд
Ситораи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев дар 60-солагӣ аз дунё даргузашт
Мутахассиси варзида аз Ҷумҳурии Сербия сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» таъйин гардид






