Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018: имрӯз бозиҳои 1/8 финалӣ оғоз меёбанд
ДУШАНБЕ, 30.06.2018./АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ ҳамаи ҷуфтҳои дастаҳое, ки ба даври 1/8 -финал дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018 роҳхат гирифтанд, муайян шуданд.
Франсия — Аргентина (30 июн, 17:00, «Казан Арена»);
Уругвай — Португалия (30 июн, 21:00, «Фишт»);
Испания — Россия (1 июл, 17:00, «Лужники»);
Хорватия — Дания (1 июл, 21:00, «Нижний Новгород»);
Бразилия — Мексика (2 июл, 17:00, «Самара Арена»);
Белгия — Япония (2 июл, 21:00, «Ростов Арена»);
Шветсия — Швейтсария (3 июл, 17:00, «Санкт-Петербург»);
Колумбия — Англия (3 июля, 21:00, «Открытие Арена»).
Бозии 1/8- финал 90 дақиқа давом ёфта, агар дар ин муддат ғолиб муайян карда нашавад, вақти иловагӣ таъйин мегардад — ду қисми 15 дақиқаина. Дар мусобиқаи ҷаҳонии футбол-2018 бори аввал дар таърихи бозиҳо иҷозат аст, ки бозингари чорумро ҳангоми вақти иловагӣ иваз кунанд. Қоидаи «голи тиллоӣ» ва «голи нуқрагӣ» кайҳост, ки бекор карда шудааст.
Агар дар натиҷаи 30 дақиқаи иловагӣ бозӣ мусовӣ анҷом ёбад, он гоҳ силсилаи зарбаҳои 11-метра таъйин карда мешавад.
Аз кадом даста оғоз шудани задани зарбаи 11-метра тариқи қуръакашӣ сурат гирифта, зарбазанро худи дастаҳо интихоб мекунанд.
Ғолибони 1/8 финал ба ¼ финал роҳ меёбанд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








«ИМПУЛС-2026». Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон дар ҳисоби умумии даставӣ ҷойи дуюмро ишғол карданд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






