Дар Бонки миллӣ ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ доир гардид

Июнь 5, 2018 08:54

ДУШАНБЕ, 05.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба баҳодиҳии тарафайни низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа намояндагони мақомоти салоҳиятдори мамлакат таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-Роҳбари Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО Маҳмадалӣ Ватанзода иштирок намуданд.

Маҳмадалӣ Ватанзода доир ба лоиҳаи нахустини Ҳисобот оид ба натиҷаҳои баҳодиҳии тарафайн, ки қисмҳои татбиқи самаранокии низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО ва мутобиқати техникӣ ба тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ)-ро фаро мегирад, сухан гуфт.

Аз ҷониби  Директори Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон Файзулло Файзуллозода ва намояндагони ин Департамент маълумот оид ба камбудиҳои ҷойдошта ва бартараф кардани онҳо дар доираи лоиҳаи Ҳисобот, ки барои баррасӣ ва пешниҳоди хулосаҳо ба мақомоти дахлдори кишвар ирсол гардидааст, пешниҳод гардид.

М. Ватанзода иброз дошт, ки тибқи Тартиботи гузаронидани баҳодиҳии тарафайни аз ҷониби Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) тасдиқшуда, дар ҷаласаи пленарии ояндаи Гурӯҳи мазкур натиҷаҳои баҳодиҳии тарафайни низоми МҚД/МТ/МПСҚО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт. Вобаста ба ин, омодагии ҳамаҷонибаи мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати баррасии ин масъала дар ҷаласаи навбатии ГАО муҳим мебошад.

Файзулло Файзуллозода иброз намуд, ки ҷараёни марҳилаи дуюми баҳодиҳии тарафайни ГАО муҳимияти махсусро дар бар мегирад, аз ин лиҳоз, аз ҷониби ҳама мақомоти давлатӣ андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва мувофиқ зарур мебошад. Зеро дар сурати пайдо гардидани мушкилот дар раванди баҳодиҳӣ кишвар метавонад ба таснифи давлатҳои дорои вазъи МҚД/МТ/МПСҚО-и номусоид шомил гардад.

 

Июнь 5, 2018 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд