Дар Душанбе Конференсия бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 расман ба кор шурӯъ мекунад

Июнь 20, 2018 08:50

ДУШАНБЕ, 20.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Баъд аз чанд лаҳза дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Кохи Сомон» Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 расман ба кори худ шурӯъ мекунад.

Дар Конференсияи байналмилалии мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ мекунанд.

Барои иштирок дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд ба шаҳри Душанбе роҳбарони як зумра давлатҳо, аз ҷумла, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн, Раиси иҷроияи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло, ҳамчунин  муовини Дабири кулли СММ Луи Женмин, Котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай Рашид Олимов, Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Петер Буриан, Директори минтақавии Маркази дипломатияи СММ дар Осиёи Марказӣ Наталия Герман, намояндагони олимақом аз 110 мамлакати ҷаҳон, сохторҳои гуногуни СММ, институтҳои молиявии байналмилалӣ, доираҳои бузурги тиҷоратӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ташриф овардаанд.

Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон гузаронида мешавад.

Мавриди зикр аст, ки дар сессияи 72-юми Ассамблеяи генералии СММ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ҷаласаи махсус баргузор шуда буд. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии беш аз 177 кишвари аъзои СММ пешниҳод ва қабул шудааст.

Мувофиқи қатъномаи СММ Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028   22 март оғоз гардид ва он то 22 марти соли 2028 идома меёбад.

Июнь 20, 2018 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид