Дар ноҳияи Рӯдакӣ Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии бемории ВНМО ба кор шурӯъ намуд
РӮДАКӢ, 28.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази саломатии ноҳияи Рӯдакӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» ва баҳри пешгирию муқовимат бо ВНМО ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид, ки дар он сардорони ташкилоту муассисаҳо, рӯҳониён ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия иштирок карданд.
Тибқи иттилои сардори Маркази саломатии ноҳияи Рӯдакӣ Камолиддин Мирзоев, дар ҷаласа аъзои шӯро вазифадор гардиданд, ки охири ҳар ҳафта аз фаъолияти таблиғотии худ барои пешгирии бемории СПИД дар байни аҳолӣ ба ҳукумати ноҳия гузориш пешниҳод намоянд.
Ба иттилои мавсуф, дар доираи иҷрои барномаҳои давлатӣ дар ноҳия, дар самти пешгирии ин беморӣ корҳои зиёд анҷом ёфта, барои коҳиш додани сарбории эпидемияи Вируси норасоии масунияти одам ва беҳтар гардидани ҳолати эпидемикии он, инчунин дарёфту муайянсозии он дар ноҳия заминаи мусоид фароҳам гардидааст. Ҳамзамон мутахассисон ба сироятёфтагони ВНМО кумакҳои палиативӣ расонида, ба онҳо табобатҳои махсус пешниҳод мекунанд.
Тибқи маълумоти омори расмӣ, шумораи умумии сироятёфтагони ВНМО дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳи соли равон 727 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 156 нафараш кӯдакон мебошанд.
Ба иттилои манбаъ, то имрӯз 165 нафари сироятёфтагон фавтидаанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






