Дар Пекин семинари ВАО-и кишварҳои дар ҳоли рушд доир гардид
ДУШАНБЕ, 12.06.2018/АМИТ «Ховар»/. Дар Пекин семинари омӯзишӣ барои рӯзноманигорони кишварҳои рӯ ба рушд доир гардид, ки дар он дар радифи намояндагони беш аз 15 кишвари ҷаҳон — қораи Осиё, Африқо, Амрикои Лотинӣ, Шарқи Наздик аз Ҷумҳурии Тоҷикистон се нафар кормандони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла, хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия Саидзода иштирок намуданд.
Семинари мазкур бо ташаббуси Донишкадаи илмию тадқиқотии идораи давлатӣ оид ба матбуот, нашр, синамо, радио ва телевизиони Ҷумҳурии Мардумии Чин (SAPPFT) гузаронида шуд. Зимни семинар олимону коршиносони Донишкадаи мазкур, Ассотсиатсияи илм ва технология, Пажӯҳишгоҳи санъат ва воситаҳои ахбори оммаи Чин ба иштирокдорони давраи омӯзишӣ доир ба воситаҳои ахбори омма-радио, телевизиони Чин, рушди илму инноватсия ва технологияи муосир-неруи пешбаранда дар ин кишвар, интернет ва саноати фарҳангию дилхушкунанда дар Чин, дурнамои рушди радио ва телевизион, радиои миллии Чин, ҳамкории судманди созмонҳои журналистӣ бо расонаҳо, таърихи давраи муосири ВАО дар Чин ва дар маҷмӯъ, доир ба фаъолияти расонаҳои чопию электронии ин кишвар ва нақши онҳо дар пешрафту комёбиҳои Чин маълумот пешниҳод намуданд.
Дар анҷоми семинари омӯзишӣ президенти Донишкадаи илмию тадқиқотии идораи давлатӣ оид ба матбуот, нашр, кино, радио ва телевизиони Ҷумҳурии Мардумии Чин Мен Личун ва директори департаменти байналмилалии Донишкадаи мазкур Зу Чиади ба рӯзноманигорони кишварҳои рӯ ба рушд гувоҳнома супориданд.
Бояд тазаккур дод, ки Донишкадаи мазкур яке аз пажӯҳишгоҳҳои бузург дар бахши тадқиқоту омӯзиши матбуот, нашр, кино, радио ва телевизион дар Чин маҳсуб ёфта, он барои кормандони ВАО семинар ва давраҳои омӯзишӣ мегузаронад.
Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои дар ҳоли тавсеа ҳамзамон дар доираи давраи омӯзишӣ аз идораҳои расонаҳои хабарии Ҷумҳурии Мардумии Чин, назири радиои миллии Чин /СRI/, шабакаи телевизиони Чин /CNTV/, ширкати «SOHU», Маркази расонаии «Beijing TV», пойгоҳ оид ба офаридани филмҳои рақамӣ, идораи радио ва телевизиони шаҳри Суҷови музофоти Сзянсу дидан намуда, бо фаъолияти онҳо шинос гардиданд.
Ба иштирокдорони семинар муяссар гардид, ки аз маконҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии шаҳрҳои Пекин, Шанхай ва Суҷови музофоти Сзянсу, назири «Девори Бузурги Чин», «Маъбади осмон», «Осорхонаи кишоварзии Чин», «Кохи чой», «Боғи шоҳ», кӯли Тайху, деҳаи қадимаи Лу Лейн, Осорхонаи абрешим дар Суҷоу боздид намуда, аз тамаддун ва таъриху фарҳанги бостонии сарзамини Чин як ҷаҳон таассуроти нек бардоранд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
Душанбе-Пекин














Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






