Дар шаҳри Хоруғ 39 фурӯшгоҳи машруботи спиртӣ, ки бе иҷозатнома фаъолият доштанд, баста шуданд
ХОРУҒ, 05.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо супориши раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамаи нуқтаҳои фурӯши машруботи спиртӣ дар шаҳри Хоруғ мавриди санҷиш қарор дода шуданд. Дар натиҷаи санҷиши муштараки кормандони бахши вилоятии «Тоҷикстандарт», прокуратура, Маркази санитарию эпедимологӣ маълум гардид, ки аз 48 ошхонаву тарабхона, қаҳвахонаву мағоза 39 адад бе иҷозатномаи мақомоти шаҳрдорӣ ба фурӯши машруботи спиртӣ даст задаанд.
Ба қавли мудири бахши назорати давлатӣ оид ба талаботи стандартии Раёсати «Тоҷикстандарт» Озодбахт Мародҳусейнов, ин муассисаҳо на танҳо барои фурӯши машруботи спиртӣ ягон ҳуҷҷат пешниҳод карда натавонистанд, балки ташхиси озмоишгоҳ нишон дод, ки аксари шишаҳои арақ худсохт буда, ба ягон меъёри стандартӣ ҷавобгӯ нестанд ва ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонанд. Ҳайати комиссия хулосаҳои санҷиши муштаракро ба унвони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ пешниҳод кард ва пас аз баррасии натиҷаҳои санҷиш танҳо ба 9 мағоза иҷозати фурӯши машруботи спиртӣ дода шуд.
Озодбахт Мародҳусейнов гуфт, ки «сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят низ ин иқдомро ҳаматарафа дастгирӣ намуданд ва дар ошкор кардани мағозаҳое, ки пинҳонӣ машруботи спиртӣ мефурӯхтанд, ҳамкорӣ карданд. Дар натиҷаи ин ҳамкорӣ зиёда аз 164 адад мағозаҳое, ки ба фурӯши ғайриқонунии машруботи спиртӣ дар ҳудуди вилоят машғул буданд, ошкор гардида, танҳо ба 64 адади он иҷозатномаи махсуси фурӯши машруботи спиртӣ дода шуд».








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






