Дар шаҳри Ваҳдат бинобар никоҳи хешутаборӣ таваллуди 7 нафар кӯдаки маъюб ба қайд гирифта шудааст
ВАҲДАТ, 29.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон дар шаҳри Ваҳдат 2030 нафар тифл таваллуд шудаанд, ки аз ин шумора 1799 нафар солим буда, 17 нафар бо нуқсонҳои модарзодӣ ва маъюб таваллуд шудаанд.
Табиби шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат Ҳамдам Давлатов гуфт, ки зимни ташхиси санҷишҳои зарурӣ маълум гардид, ки сабаби асосии бо нуқсонҳои модарзодӣ таваллуд шудани 7 нафар кӯдакон никоҳи хешутабории волидайни онҳо мебошад, ки солҳои пеш хонадор шудаанд.
Тибқи иттилои мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Ваҳдат Муслима Саъдуллозода, соли равон 1133 адад ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки дар он никоҳҳои хешу таборӣ вуҷуд надоранд. Иҷозати тӯйи ҳар як шаҳрванд дар асоси маълумотномаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва раисони маҳаллаҳо дода мешавад, ки он ҷо хешу табор будани домоду арӯс муайян мегардад. Мутахассисони САҲШ дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба оқибатҳои нохуши никоҳҳои хешутаборӣ бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир менамоянд. Дар натиҷаи баланд гардидани маърифати фарҳангии мардум имрӯзҳо никоҳҳои хешутаборӣ ба қайд гирифта намешаванд.
Қонунгузории ҷумҳурӣ барои пешгирии таваллуди кӯдакони маъюб никоҳи байни хешовандони наздикро манъ намуда, гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшавандаро ба роҳ мондааст. Инчунин бо натиҷаи муоинаи тиббии ҳатмии ҳамдигар шинос гардидани навхонадоронро ҷорӣ намуд, ки ин амал миёни сокинони ҷумҳурӣ дастгирӣ ёфт.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






