Дар Тоҷикистон касоне, ки ба коррупсия даст мезананд, дигар бо супоридани ҷарима озод намешаванд, балки аз озодӣ маҳрум мегарданд
ДУШАНБЕ, 13.06.2018/АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бо коррупсия тақвият бахшида, қонунҳои марбут ба ришваситониро шадидтар мегардонад. Дар ин росто вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки тибқи он минбаъд барои содир намудани ҷинояти гирифтани пора, додани пора ва иғвои порадиҳӣ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ татбиқ карда мешавад, яъне порагиру порадеҳ дигар бо супоридани ҷарима озод намегарданд, балки ҳабс карда мешаванд.
Масъалаи мазкурро 13 июн дар Парлумони мамлакат муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Нурзода шарҳ дода, гуфт, ки таҷрибаи судӣ аз натиҷаи баррасиии парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаҳои 319-321 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду соли охир нишон дод, ки ҷазои ҷиноятӣ дар намуди ҷарима барои содир намудани ҷинояти гирифтани пора, додани пора ва иғвои порадиҳӣ чораи таъсиррасонии натиҷабахш набуда, барои коҳиш додани сатҳи содиршавии чунин ҷиноятҳо назаррас намебошад.
Аз ин рӯ, бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ҳамчун ҷазои асосӣ хориҷ карда шуда, барои содир кардани чунин ҷиноятҳо ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ татбиқ карда мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки ду сол муқаддам Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру илова ворид намуда буд, ки тибқи он шахсоне, ки ба коррупсия даст мезаданд, бо супоридани ҷарима аз ҷавобгарӣ озод мегардиданд. Акнун бо ворид намудани тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ афроди порагиру порадеҳро маҳрумият аз озодӣ интизор аст.
Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», баъд аз ҷонибдорӣ гардидан аз сӯи аъзои палатаи болоии Парлумони мамлакат –Маҷлиси миллӣ ва имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






