Филми тоҷикии «Сафари ҳавоӣ» дар Чин сазовори «Ҷоизаи махсуси ҳакамон» гардид

Июнь 19, 2018 09:31

ДУШАНБЕ, 19.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 то 17 июни соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Чин нахустин Фестивали синамои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид.

Фестивали мазкур бо ибтикори Раёсати давлатии кинематографияи Чин, Ҳукумати мардумии музофоти Шандун, бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Чин ва Котиботи Созмони ҳамкории  Шанхай  дар сатҳи зарурӣ баргузор шуда, дар он ҳайатҳо иборат аз роҳбарият ва мутахассисони соҳаи кинои 8 давлати аъзои СҲШ ва 4 кишвари нозир ширкат варзиданд.

Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин хабар доданд, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Носир Раҳмон ва 12 нафар коргардонҳову ҳунарпешаҳои шинохтаи тоҷик дар Фестивал иштирок дошт.

Фестивали мазкур  дар 8 давр доир гардида, дар он 55 филми беҳтарин аз 8 давлати аъзои СҲШ ва 4 кишвари нозир намоиш дода шуданд. Аз ҷониби 12 нафар аъзои  ҳайати ҳакамон аз ҳисоби коргардонҳои маъруфи кинои ҷаҳонӣ (аз ҷумла, раиси синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Фестивал филмҳои коргардон Носир Саидов «Оинаи беҷило» ва «Муаллим», Румӣ Шоазимов «Хоби маймун», Далер Раҳматов «Сафари ҳавоӣ»-ро пешниҳод намуда  буд.

Дар маросими пӯшидашавии нахустин Фестивали кинои СҲШ, ки шоми 18 июни соли 2018 дар шаҳри Чиндао доир гардид, филми «Сафари ҳавоӣ»-и коргардони тоҷик Далер Раҳматов сазовори «Ҷоизаи  махсуси ҳакамон» гардид.

Филмҳои истеҳсоли коргардонҳои тоҷик аз ҷониби ҳайати ҳакамон, иштирокдорони Фестивал ва тамошобинони чинӣ истиқболи гарму самимӣ ёфтанд.

Мавриди зикр аст, ки дар ҳошияи Фестивал Телевизиони марказии Чин «CCTV-Русский» дар асоси ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ тасмим гирифт, ки филми коргардони маъруф Носир Саидов «Оинаи беҷило» ва дигар филмҳои истеҳсоли «Тоҷикфилм»-ро дар саросари Чин ба намоиш гузорад.

Ҳамчунин ҷониби чинӣ изҳори омодагӣ намуд, ки дар муассисаҳои таҳсилотии соҳаи кино тайёр намудани мутахассисони ҷавонро барои кишварҳои аъзои СҲШ, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ хоҳад монд.

Июнь 19, 2018 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд