Имрӯз — Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдакон. 73 миллион нафар наврасон дар саросари олам бо корҳои хатарнок машғуланд

Июнь 12, 2018 14:00

ДУШАНБЕ, 12.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат   аввалин маротиба  соли  2002    12 июнро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдакон  таҷлил намуд. Шурӯъ аз ҳамон сол  дар саросари дунё, аз ҷумла,  Тоҷикистон  ин рӯз бо гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ таҷлил  мегардад.

Ҳар сол вобаста ба ин сана аз ҷониби  Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат  мавзӯи асосӣ  интихоб мегардад. Ташкилоти мазкур вазъи  ташвишовари имрӯзаи  ҳаёти   кӯдаконро  дар ҷаҳон ба инобат гирифта,  соли 2018-ро Соли бехатарӣ ва  солимии насли  нав  эълон  намуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расонида, тибқи онҳо ҷиҳати барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.

Таваҷҷуҳ ба масъалаи мазкур аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак, конвенсияҳои     Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат “Оид ба ҳадди ақалли синну сол барои ба кор қабул кардан”, “Дар бораи меҳнати  маҷбурӣ     ё ҳатмӣ” ва  “Оид ба манъ кардан ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак” ва Тавсияномаи ТБМ  “Оид ба манъ намудан ва чораҳои зарурӣ андешидан ҷиҳати барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати ноболиғон” сарчашма мегирад.

Тавре масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ “Ховар”  иттилоъ доданд, дар ин радиф бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Рӯйхати корҳои шароиташон номусоид ва зараровар, ки истифодаи меҳнати ашхоси аз 18-сола хурд иҷозат дода намешавад ва ҳадди меъёрҳо ҳангоми дастӣ  бардоштан ва кашонидани борҳо”,   “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” тасдиқ гардидаанд.

Санадҳои мазкур ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда,  ба манфиати ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, равона  шуда, барои амалишавии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, аз ҷумла, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва роҳ надодан ба ҷалби онҳо ба шаклҳои бадтарини меҳнат, таъмини бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кории насли наврас дар ҷараёни ҳаёт ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Яке аз санадҳои байналмилалии ҳатмии ҳуқуқии дигар, ки хусусияти қатъӣ дорад, Протоколи соли 2014 ба Конвенсияи соли 1930 оид ба меҳнати маҷбурӣ ба шумор меравад.

Конвенсияи  мазкур  дар мубориза бо ҳама гуна шаклҳои меҳнати маҷбурӣ нақши ҳаётан муҳим бозид. Бояд зикр намуд, ки даҳсолаҳои охир мазмун ва шаклҳои меҳнати маҷбурӣ дигаргун шудаанд.  Аз ҷумла, савдои одамон бо мақсади меҳнати маҷбурӣ ва истисмори шаҳвонӣ — мавзӯи изтироби рӯзафзуни ҷомеаи байналмилалӣ  гаштааст.

Соли 2018  дар чаҳорчӯбаи ягонаи глобалӣ дар доираи Рӯзи байналмилалии ҳифзи  меҳнат ва Рӯзи байналмилалии мубориза бо меҳнати кӯдакон бо мақсади тарғибу ташвиқи масъалаҳои аз байн бурдани меҳнати кӯдакон ва таъмин намудани бехатарии фаъолияти кории мутахассисони ҷавон    чорабиниҳои гуногун  гузаронида мешаванд.

Кўдак ҳуқуқи озод будан аз тамоми намуди меҳнат ва ҳамаи кормандон ҳуқуқ ба   меҳнати арзанда, безарар ва солим доранд. Шумораи кормандони ҷавон (аз 15-сола то 24) дар саросари ҷаҳон 541 миллион нафарро ташкил медиҳад. Ҷароҳатбардории истеҳсолии ҷавонон нисбат ба кормандони калонсол (аз 24- сола боло) 40% бештар аст. Тибқи маълумот, дар ҷаҳон 152 млн. кӯдак (аз 5 то 17-сола) меҳнат мекунанд ва 73 миллиони онҳо   ба кори ба ҳаёт     хатарнок       машғуланд.

Аз 17 ҳадафи рушди устувор (ҲРУ) ду масъала,  яке бо мақсади «ҳифзи хуқуқҳои меҳнатӣ ва мусоидат ба таъмини шароити мустаҳкам ва бехатар барои кулли меҳнаткашон» (масъалаи 8.8 ҲРУ) ва дуюмин — «қабули чораҳои фаврӣ ва самаранок барои аз байн бурдани меҳнати маҷбурӣ, ғуломдории муосир ва савдои одамон, барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон ва то соли 2025-ум аз байн бурдани меҳнати кӯдакон» (масъалаи 8.7 ҲРУ) муайян гардидаанд.

Болоравии иқтисодиёти  мамлакат, баландшавии сатҳи некуаҳволии мардум ва пайгирии уҳдадориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки дар барҳам додани меҳнати кӯдак, ҳифзи меҳнати коргарҷавонон, ташкили ҷойҳои кории арзанда барои насли наврас мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ   дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба пешравиҳо ноил  гардем.

Июнь 12, 2018 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Лахш барои фаъолияти самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон беш аз як миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст
Чӣ тавр тарофаро дар якчанд дақиқа метавон фаъол кард?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
50 ҳазор аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо оби тозаю безарари нӯшокӣ таъмин мегарданд
Ба Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҷҳизоти нави озмоишӣ дастрас карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали байналмилалии «Шилингел» дар Олмон намоиш дода шуд
Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
«КИТОБХОНА — КОХИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши дӯстдорони китоб доир шуд
Дар шаҳри Панҷакент пойгоҳҳои обкашӣ барқарор карда мешаванд
Доир ба нақши забони давлатӣ дар таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамоиш баргузор гардид