Имсол тантанаҳои асосии ҷумҳуриявии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом баргузор мегарданд
ХУҶАНД, 13.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон тибқи дастури Асосгузори cулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тантанаҳои асосии ҷумҳуриявии 21 –солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом баргузор мегарданд. Бо ин мақсад имрӯзҳо дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо ифтихор аз пойдории сулҳу субот ва баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни Ваҳдати миллӣ омодагиҳо ҷараён доранд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, охири даҳаи сеюми моҳи июн дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят бо иштироки меҳмонони олимақом аз тамоми минтақаҳои кишвар вобаста ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаҳои идонаи фарҳангӣ гузаронида мешаванд.
Ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», имрӯзҳо дар шаҳри Конибодом баҳри баргузории барномаи идонаи бошукӯҳ, ки аз барномаи фарҳангии театрӣ ва намоиши дастовардҳои милливу растаҳои ҳунармандони шаҳру навоҳии вилоят иборат аст, омодагиҳо дар сатҳи зарурӣ ҷараён доранд.
Ҳамзамон бояд зикр кард, ки соли равон ба истиқболи ин санаи муборак дар шаҳри Конибодом дар рӯзҳои ид ҳашт иншооти бузург мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Аз ҷумла, имрӯзҳо сохтмони бинои сеошёнаи мактаби рақами 29-и деҳаи Ҷаҳонзеби Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, маҷлисгоҳ барои 220 нафар, толори варзишӣ, ошхона барои 80 нафар, системаи гармидиҳии мутамарказонидашуда, гармхона ва чоҳи амудӣ, сохтмони майдони Шоҳ Исмоили Сомонӣ бо муҷассамааш, бинои дуошёнаи мақомоти прокуратураи шаҳр, таъмиру таҷдиди варзишгоҳи «Ҷавонӣ»-и марказии шаҳр, ки пас аз анҷоми корҳои навсозӣ дорои 10 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад гардид, сохтмони меҳмонхонаи замонавӣ ва як тӯйхона аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ, ба истифодадиҳии Маркази ҷарроҳӣ ва нуқтаи қабули хатти оби нӯшокии идораи обу корез ва таҷдиду навсозии роҳи нақлиётгарди Конибодом – Патар идома дорад.
Инчунин ба истиқболи ин ҷашн чанде пеш бо иштироки раиси вилояти Суғд корҳои таъмиру мумфаршкунии роҳҳои асосии шаҳр ба дарозии умумии беш аз 3 километр оғоз гардиданд.










Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






