КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ-ДАР ДОХИЛИ ОИЛА. Саъдулло Казаков барои гумроҳӣ равонаи зиндон гардид
ТУРСУНЗОДА, 23.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Суди шаҳри Турсунзода дар суди сайёр сокини деҳаи Тӯйчии Ҷамоати деҳоти Ҷ.Раҳмонов Саъдулло Казаковро, ки соли таваллудаш 1990, оиладор мебошад, бо моддаи 32 қисми 3–4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ӯро ба муҳлати 12 сол бо адо намудани ҷазо дар муассисаҳои ислоҳии дорои низоми пурзӯр аз озодӣ маҳрум намуд.
Дар ин бора судяи Суди шаҳри Турсунзода Сўҳроб Раҷабзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Судшаванда Саъдулло Казаков тавассути шабакаи иҷтимоӣ ғояҳои ташкилотҳои террористӣ-экстремистиро қабул карда, ба падараш Муродилло Казаков, бародараш Муҳаммадҷон Казаков ва падарарӯсаш Зокир Ханҷаров дастхат навишта, маълум кардааст, ки ў бо мақсади ҷиҳод ба давлати Шом сафар кардааст ва ӯро дигар накобанд, фарзандонашро нигоҳубин намуда, қарзҳояшро диҳанд.
Хушбахтона, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия бо кумаки наздикон зимни гузаронидани корҳои фаврӣ Саъдулло Казаковро дастгир намуда, ба Тоҷикистон оварданд.
Судяи Суди шаҳри Турсунзода Сўҳроб Раҷабзода мегӯяд, ки ягона воситаи гумроҳсозии ҷавонони тоҷик ва ҷалб намудани онҳо ба гурӯҳҳои террористӣ-ин истифодаи ғайримақсаднок аз шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мебошад. Намояндагони гурӯҳҳои ифротӣ ба воситаи ҳадису оятҳои қуръонӣ ҷавонони ноогоҳ ва камсаводи моро гумроҳ намуда, ба ташкилотҳои террористӣ ҷалб менамоянд.
Аз ин рӯ, падару модарон ва бародарони калони хонаводаҳо бояд аз интернет бо кадом мақсад истифода бурдани фарзандону бародарони худро назорат карда, барои пешгирии ин ҳолатҳо дар дохили оила корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






