Маҳаллаи «Ҳосилот»-и Душанбе соҳиби майдони варзишӣ гардид

Июнь 18, 2018 11:37

ДУШАНБЕ, 18.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди хонаи истиқоматии №206-и маҳаллаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри  Душанбе аз ҷониби  Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони варзишӣ бунёд гардид. Дар маросими  ба истифода додани он муовини Вазири нақлиёти мамлакат Шералӣ Ганҷалзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе  Фирдавс Саидзода ва раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  Ҷамшед Табарзода иштирок намуданд.

Аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки майдони варзишӣ дар масоҳати умумии  2400 метри мураббаъ бунёд гардида, дорои майдончаи умумии бозии кӯдакон, майдончаҳо барои бозии футболи хурд, баскетбол, волейбол, арғунчакҳо, таҷҳизоти гимнастикӣ, соябонҳо ва мизҳои шоҳмотбозӣ  мебошад. Дар ҳудуди майдони варзишӣ дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуда, атрофи он бо гулу буттаҳо сабзкорӣ гардидааст. Ҳамзамон майдони варзишӣ бо обу равшанӣ ва камераҳои  мушоҳидавӣ таъмин мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи иншооти мазкур аз  ҷониби  Корхонаи фаръии «Лоиҳакаш»-и шаҳри Душанбе бо арзиши  798,6 ҳазор сомонӣ таҳия гардида, сохтмонашро  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мостоотряд» бо сифати баланд ба анҷом расонидааст.

Тибқи иттилои манбаъ, Вазорати нақлиёт ҳамчунин роҳи ба иншоот барандаи маҳаллаи Ҳосилотро дар масоҳати беш аз 1000 метри мураббаъ мумфарш намудааст.

Июнь 18, 2018 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ