Майдончаҳои варзишӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим бунёд мешаванд
ДУШАНБЕ, 13.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳраки 193-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе майдончаи замонавии варзишӣ ба истифода дода шуд.
Майдончаи мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ободу зебо гардонидани симои пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе, инчунин тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардони варзиш бунёд карда шуд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ба истифода додани он намояндагони Вазорат ва масъулини шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Ба иттилои манбаъ, сохтмони майдончаи мазкур моҳи декабри соли 2017 оғоз гардида, чанд рӯз қабл ба анҷом расид.
Мавриди зикр аст, ки масоҳати майдончаи варзишӣ 1100 метри мураббаъ буда, дар ҳудуди заминҳои атрофи он майдонча барои бозиҳои гуногуни кӯдакон бунёд карда шудааст.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






