Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва рушд Невен Мимитса

Июнь 21, 2018 17:50

ДУШАНБЕ, 21.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкори байналмилалӣ ва рушд Невен Мимитса, ки ҷиҳати иштирок дар  Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд.

Сарвазири мамлакат иброз дошт, ки имрўзҳо муносиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо марҳилаи нав касб карда, амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ дар ин самт бо маром ҷараён дорад.

Ҳамчунин Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкори байналмилалӣ ва рушд Невен Мимитса зимни мулоқот ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра махсус таъкид намуда,  ҳалли саривақтии чунин тадбирҳои башардўстонаро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.

Июнь 21, 2018 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид