Натиҷагирӣ аз баргузории интихоботи миёнадаврӣ дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Ванҷ №40
ДУШАНБЕ, 18.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Нуралӣ Риоев дар интихоботи миёнадаврии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 17 июни соли равон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Ванҷ №40 гузаронида шуд, бо гирифтани 98,7% овозҳои интихобкунандагон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда интихоб гардид.
Дар иртибот ба ин дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/, ки имрӯз таҳти раёсати раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода доир гардид, натиҷаҳои баргузории интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Ванҷ №40 баррасӣ шуд.
Зикр гардид, ки интихоботи миёнадаврӣ дар ҳавзаи мазкур дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври шаффоф сурат гирифт. Аъзои КМИР Нуралӣ Риоевро ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта, ваколати вакилиашро тасдиқ намуданд.
Дар ҷаласаи КМИР ҳамзамон доир ба ташкили Комиссияи санҷишӣ оид ба муайян намудани сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзадҳо ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 ва Суғд №2 қарор қабул гардид.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






