ОБ-МАНБАИ ҲАЁТ, РУШНОӢ ВА ТАРАҚҚИЁТ. Коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

Июнь 19, 2018 15:52

ДУШАНБЕ, 19.06.2018 /АМИТ«Ховар»/. Пагоҳ, 20 июн, дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалӣ оид ба  оғози  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 оғоз меёбад. Хотиррасон менамоем, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст. Дар бораи ҳадафҳои эълон намудани ин Даҳсола коршиноси  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президентьи Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр РАСУЛОВ  ба АМИТ «Ховар» чунин иброз дошт:

— Ҳадафи аслии қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028  ташкили ҳамкории судманди байни кишварҳо дар сатҳи байналмилалӣ барои кам кардани хатарҳои бамиёномада мебошад.    Маълум аст, ки дар даҳсолаҳои охир инсоният ба таҳдидҳои муосири ҷаҳонӣ дучор гардид: инҳо тағйирёбии иқлими сайёра  ва бар асари он зиёдшавии фалокатҳои табиӣ, обхезӣ, яхчу тармафароӣ, обшавии пиряхҳо, проблемаҳо оид ба таъминоти об бинобар зиёдшавии босуръати аҳолӣ, хурӯҷи  бемориҳои  сирояткунанда   ва  ғайра  мебошанд.

Аз қабули Қатъномаи мазкур бештар аз як сол сипарӣ гардид. Дар ин давра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор иқдомоти муассиреро дар доираи чорабинии мазкур ба нақша гирифт. Ба сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки масъалаҳои вобаста ба обро омӯхта, чорабиниҳои мушаххас созмон диҳанд. Вобаста ба ин дар сатҳҳои маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ  ҷаласаҳои  коршиносону  олимон  гузаронида  шуданд.

Бо назардошти он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи бузурги захираҳои об буда, дар даҳсолаҳои охир обшавии раванди пиряхҳо зиёд шудааст, ҷиҳати омӯзиши амиқи ин масъалаи муҳим дар ҷумҳурӣ Маркази пиряхшиносӣ ташкил гардид. Маркази мазкур тасмим гирифтааст, ки дар баробари пешбурди тадқиқот, мониторинги захираҳои об гузаронида, инчунин харитаи    пиряхҳои  Тоҷикистонро  омода  намояд.

Дар факултаҳои ҷуғрофиёи донишкадаҳо таълими ихтисоси омӯзиши пиряхҳо ба роҳ монда шуда, мутахассисони соҳаи мазкур тайёр карда мешаванд, то ки онҳо дар давоми даҳсола пажӯҳишҳои тахассусӣ  ба анҷом расонанд.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, 22 марти соли 2018 дар СММ ҷаласа баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд. Таъкид карда шуд, ки дар қатори чорабиниҳои муҳим моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ доир мегардад ва дар он намояндагони кишварҳои мухталифи ҷаҳон оид ба вазифаҳои даҳсола изҳори назар мекунанд. Аз ҷумла,  мутахассисону олимони тоҷик низ барои  дар сатҳи баланд гузаронидани  конфронс  ҳамаҷониба   омода    мешаванд.

Албатта, Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», 2005-2015 самараи хуб дод ва дар кори наҷиби таъминоти саривақтии мардум бо оби нӯшокӣ, иҷрои лоиҳаҳои мухталиф дар кишварҳои ҷаҳон, истифодаи босарфа ва самараноки об аз худ осори шоиста боқӣ гузошт. Дар ин давра садҳо миллион нафар одамон ба оби нӯшокӣ дастрасӣ пайдо намуданд, ҳолати тансиҳатӣ  ва санитарии худро беҳтар гардониданд. Дар Тоҷикистон низ даҳҳо лоиҳаҳо тарҳрезӣ ва амалӣ карда шуданд. Дар кишварҳои мухталиф конфронсу симпозиумҳо ва ҷамъомадҳо баргузор гашта, иҷрои  вазифаҳои  пешбинишуда ба таври васеъ матраҳ гардиданд.

Бояд зикр намуд, ки ҳоло ҳам проблемаҳои мухталифи вобаста ба об ҳалли пурраи худро наёфта, аз имконоти истифодаи «неруи сабз» ҳамаҷониба истифода бурда нашудааст. Дар ин замина, ҳанӯз дар байни кишварҳо ва минтақаҳо якдигарфаҳмӣ ҷиҳати эҳтиёт намудани муҳити зист ба назар намерасад, ки  ин  бар  зарари  аҳли   башар  мебошад.

Татбиқи Даҳсолаи нави об барои рушди устувори тамоми кишварҳои сайёра,  аз ҷумла, Тоҷикистон таъсири бузург дорад.

Дар 10 соли оянда Неругоҳи барқи обии «Роғун» пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, лоиҳаи «CASA-1000» дар амал татбиқ мегардад. Дар доираи ин лоиҳа дар минтақа Бозори минтақавии фурӯши барқи “CASAREM” ташкил  мешавад. Он лоиҳаҳое, ки марбут ба таъминоти қисматҳои ғарбии Чин ҳастанд,  тавассути неругоҳҳои  барқи обии  Тоҷикистон  бо барқ таъмин  мегарданд.

Нақшаҳои кишвар дар ин бора дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қайд гардидаанд. Мутобиқи ин ҳуҷҷати дурнамо дар даҳсолаи оянда истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон зиёда аз ду маротиба афзоиш меёбад. Табиист, ки мутаносибан  содироти барқ низ зиёд  гардида, ҷуғрофиёи кишварҳое, ки аз барқи Тоҷикистон истифода мебаранд, тавсеа пайдо мекунад.

Дар ҳуҷҷатҳое, ки моҳи марти соли равон байни  кишварҳои Точикистону Ӯзбекистон ба имзо расиданд, имкониятҳои истифодаи захираҳои  вобаста ба обу барқи минтақа махсусан таъкид гардиданд. Яъне дар ин соҳаҳо ду кишвари дӯсту бародар ҳамкории мутақобилан судмандро  густариш  хоҳанд  дод.

Сабабҳои норасоии об дар кишварҳои ҷаҳон, пеш аз ҳама, ҷойгиршавии нобаробари захираҳои табиӣ, аз ҷумла, об мебошад: дар баъзе  кишварҳо об фаровон, вале дар кишварҳои дигар норасоии об ба проблемаи муҳими рӯз табдил ёфтааст. Албатта, пешрафти илму техникаи муосир ва ҳамкории кишварҳо ба ҳалли ин масъала метавонад кумак расонад. Ҳоло дар ҷаҳон бештар аз 1,2 миллиард одамон  аз  нарасидани  оби  нӯшокӣ  танқисӣ  мекашанд.

Бо вуҷуди он ки дар кишвари мо захираҳои зиёди обӣ мавҷуданд, то ҳол  дар  бисёр мавзеъҳо ба оби софи нӯшокӣ эҳтиёҷ  доранд  ва манбаъҳои дохилӣ имконият намедиҳанд, ки дар муддати кӯтоҳтарин камбудиҳо бартараф карда шаванд. Дар ин замина дар ҷумҳурӣ бисёр лоиҳаҳо бо ҳамкории созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Бонки ҷаҳонӣ,  Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки исломии рушд, Бонки осиёгии рушд, инчунин кишварҳои кумакрасон, аз ҷумла, Япония, Германия, Чин барои таъминот бо оби мусаффо роҳандозӣ мешаванд. Вале бо вуҷуди ин ҳоло ҳам таъминоти мардум бо оби нӯшокӣ дар сатҳи камтар аз шаст фоиз  қарор  дорад.

Ташаббусҳои  глобалии  Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои об дар сатҳи ҷаҳон баҳои баланд гирифтанд ва шахсиятҳои бузург ин нуктаро борҳо зикр намуданд. Чор ташаббуси бузурги Сарвари давлат дар масъалаҳои ҳалли проблемаҳои марбут ба об дар рушди устувори кишварҳо марҳилаи муҳим гардиданд.  Талошҳо дар ҷаҳорчӯбаи ташаббусҳое, чун «Соли байналмилалии оби тоза», 2003, Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт», 2005-2015 ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013), «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028  хеле  муассир  ҳастанд.

Вобаста ба пешниҳодҳои Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  дар минбари СММ моро зарур аст, ки ҳамчун мардуми кишвари ташаббускор тамоми чорабиниҳои нақшавиро пайгирона, мақсаднок ва дар сатҳи баланд иҷро намоем, то онҳо баҳри рушди устувор самараи дилхоҳ дода, дар ҷомеаи муосир мақому  манзалати  сазовор   пайдо  намоянд.

Июнь 19, 2018 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

15 МАЙ- РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИҚЛИМ. Тағйирёбии иқлим аз ҷомеаи ҷаҳон ҳамкории устувор ва дурандешӣ тақозо менамояд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ