Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сокинони Шаҳристонро даъват намуданд, ки дӯстию ҳамкориро бо Ӯзбекистон густариш бахшанд
ДУШАНБЕ, 25.06.2018./АМИТ «Ховар»/. Тавре мо қаблан иттилоъ додем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд 24 июн бо фаъолони ноҳияи Шаҳристон мулоқот намуданд.
Сарвари давлат зимни суханронии худ дар назди фаъолони ноҳияи Шаҳристон, ки бо кишвари ҳамсоя ҳамсарҳад мебошад, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки дӯстӣ ва ҳамкориҳои тиҷоратиро бо ӯзбекҳо густариш бахшанд. «Ноҳияи Шаҳристон бо кишвари ҳамсояву дӯсти мо — Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад мебошад, ки ин омил барои сокинони он имкониятҳои зиёд фароҳам меорад. Яъне бо истифода аз ин имконият шумо метавонед ҳарчи бештар ҳамкорӣ кунед ва робитаҳои дӯстиву тиҷоратиро бо бародарони ӯзбек густариш бахшед», — изҳор доштанд Пешвои миллат.
Ҳамзамон Президенти Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки дар ноҳияи Шаҳристон тоҷикону ӯзбекҳо дӯстона ва аҳлона зиндагӣ мекунанд. «Шумо ҳамеша дар хотир бояд дошта бошед, ки муносибатҳои дӯстонаи мо таърихи чандинасра доранд ва дар саргаҳи ин робитаҳо фарзандони фарзонаи халқҳои мо Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ қарор доранд», – гуфтанд Сарвари давлат.
Ҷаноби Олӣ ҳамчунин таъкид намуданд: «Фаромӯш накунед, ки ҳар давлате, ки дар он сулҳу субот пойдор аст ва мардумаш дӯстона зиндагиву кор мекунанд, он давлат рушд меёбад ва нуфузу обрӯяш дар ҷаҳон баланд мегардад».
Хотиррасон менамоем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 июн бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни фархундаи миллӣ-Иди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






