РОМИТ: МИНТАҚАИ ДИЛПАЗИР ВА ЭКОСИСТЕМАИ НОДИР. Дар ин дараи зебо иншоотҳои нави истироҳатию табобатӣ ва инфрасохтори ба талаботи замон ҷавобгӯ бунёд мегарданд

Июнь 7, 2018 16:34

 ВАҲДАТ, 07.06.2018 /АМИТ  «Ховар»/. Дараи хушманзараи Ромит, воқеъ дар болооби рӯди  Кофарниҳон, ки яке аз мавзеъҳои нотакрори сайёҳии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, дар ин рӯзҳои  офтобӣ ва шукуфон ҳар бинандаро мафтун месозад. Хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД гузориш медиҳад.

Ҳудуди дараи Ромити шаҳри Ваҳдат тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 сентябри соли 2000 минтақаи истироҳат ва туризм эълон гардидааст. Минтақаи Ромит  дорои мавзеъҳои зебои табиие мебошад, ки бешубҳа, дар он дар оянда барои боз ҳам рушду тараққӣ додани соҳаҳои гуногуни туристӣ  барои сайёҳони  дохиливу хориҷӣ  шароити мусоид фароҳам овардан мумкин аст.

Манзараҳои зебои ду тарафи рӯди Кофарниҳон дар ин фасли офтобӣ ва шукуфон   касро мафтун месозанд. Дарёи Кофарниҳон, ки бо 382 км дарозӣ аз қаторкӯҳҳои Ҳисору Қаротегин сарчашма мегирад, шохоби рости дарёи Омӯ буда, билохира ба он мерезад. Оби ин дарё дар фасли тобистону баҳор зиёд мешавад.

Тибқи иттилои мутахассисон, дар дарёи Кофарниҳон 26 намуди моҳӣ мавҷуд аст. Беҳтарини онҳо гулмоҳӣ буда, вазнаш то ба 5 кг мерасад ва нисбат ба дигар моҳиҳои дарёҳои ҷумҳурӣ хушлаззат аст. Дарёи Кофарниҳон ҳамчунин мурғобӣ, муши обӣ, қундузи обӣ ва саги обӣ дорад. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Ваҳдат Ҳикмат Розиқов мегӯяд, ки «агар теъдоди ҳавзҳои моҳипарвариро зиёд кунем, садҳо нафар соҳиби ҷойи кор мешаванду гӯшти шифобахши моҳӣ фаровон мегардад. Дараи Ромит барои парвариши занбӯри асал низ мувофиқ аст. Хуб мешуд, ки собиқадорони соҳа аз ҳисоби ҷавонон асалпарваронро тарбия намуда, оилаҳои занбӯри асалро зиёд кунанд».

Ромит бо меваҳои шакаринаш шуҳрат дорад. Дар ин ҷо бунёд кардани  корхонаи истеҳсоли консерваи муосир ба мақсад мувофиқ аст. Агар миқдори гармхонаҳо зиёд гарданд, аҳолии деҳот соҳиби ҷойи кор шуда,  нархи сабзавот дар фаслҳои зимистону баҳор коҳиш меёбад.

Инчунин дар дараи Ромит чашмаҳои шифобахш зиёданд. Яке аз чашмаҳо чашмаи Покрӯд мебошад, ки оби сарди он барои беморони диабети қанд давост. Оби гарми чашмаи Зайронро барои табобати бемории буғумдарду тарбод истифода мебаранд.

Мутахассисони соҳаи сайёҳӣ иброз медоранд, ки агар дар ин дараи обу ҳавояш тоза осоишгоҳҳои хуштарҳ сохта, берун аз кишвар муаррифӣ гарданд, шумораи сайёҳони хориҷӣ дар ҷумҳурӣ меафзояд. Сайёҳии тиббӣ дар дараи Ромит дурнамои бештар дорад. Ромит мавзеи пурганҷ буда, аз тиллову дигар маъданҳои қиматбаҳо ғанӣ аст. Алҳол роҳи дараи Ромит ба таҷдид ниёз дорад ва аз ҳисоби афзудани сайёҳон маблағи сарфшуда даҳчанд ба хазина бармегардад.

Айни замон дар шаҳри Ваҳдат  иншооти муҳим, аз қабили мамнӯъгоҳҳои (резерватҳои) биосферии «Ромит», 6 осоишгоҳ, 2 фароғатгоҳ ва 36 истироҳатгоҳи идоравию шахсӣ фаолият доранд, ки дорои меҳмонхонаҳо ва инфрасохтори гуногуни ба талаботи хизматрасонии муосир ҷавобгӯ мебошанд.  Аз ҷумла, дар истироҳатгоҳи «Ёс»-и дараи Ромит 2 ҳавзи шиноварӣ, 2 майдончаи варзишӣ, 2 ҳаммоми буғии финӣ ва тарабхона барои хизматрасонӣ ба сайёҳони хориҷиву дохилӣ муҳайё карда шудаанд. Ҳамин гуна шароити мусоид барои сайёҳон дар истироҳатгоҳи «Роҳи оҳан» фароҳам оварда шудааст.

Имрӯзҳо дар ин ҷо корҳои барқарорсозӣ, ободгардонӣ, сохтмони дигар иншооти зарурӣ ва бунёди инфрасохтори ба талаботи замон ҷавобгӯ бо суръат идома доранд.  Мудири  бахши рушди сайёҳии шаҳри Ваҳдат Сулаймон Наҷмуддинов мегӯяд, ки дар шаҳри Ваҳдат самтҳои сайёҳии курортӣ,  табобатию истироҳатӣ, кӯҳнавардӣ ва таърихиву фарҳангӣ,  қаиқронӣ дар дарёҳои болооби Кофарниҳон барои сайёҳони дохиливу берунӣ афзалиятнок мебошанд.

Бахши рушди сайёҳӣ бо мақсади фароҳам овардани инфрасохтори зарурӣ барои бунёди  иншоот ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу берунӣ бо идораву муассисаҳо ва ташкилотҳои марбута ҳамкорӣ намуда, барои таҳияи  маводи таблиғотиву иттилоотӣ барои  воситаҳои ахбори оммаи маҳалливу ҷумҳуриявӣ кор мебарад.

Дар қатори дигар минтақаҳои сайёҳии кӯҳӣ ва маконҳои таърихию экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзеи дараи Ромити шаҳри Ваҳдат аз минтақаҳои ҷаззобу дилпазир ва дорои табиати дастнохӯрдаву экосистемаи нодир мебошад, ки ин сарзамин дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ низ  ҷои гардишгарӣ ва саёҳати илмию омӯзишӣ будааст.

Давоми 5 соли охир таҳаввулоти ҷиддие дар дараи Ромит ва мавзеи Покрӯд ба вуҷуд омада, бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду тавсеаи соҳаи сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва таҳкими зербинои соҳаи туризм тамоми заминаҳо фароҳам оварда шудаанд.

Бояд гуфт, ки сокинони ин диёр дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ аз истифодаи неруи барқ ва дигар хизматрасониҳои тиббиву таълимӣ ва маишӣ маҳрум буданд. Маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо  дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хати неруи барқ, мактаб, бунгоҳҳои тиббӣ,  корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ бунёд карда шуда, марказҳои зиёде барои пажӯҳишҳои илмӣ дар самти биологӣ, табиатшиносӣ, кӯҳшиносӣ ва ғайра дар ин минтақа муҳайё мебошанд.

Пас аз Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи минтақаи сайёҳӣ эълон шудани дараи Ромит  ободкориҳо дар ин мавзеъ вусъат ёфта, 36 адад истироҳатгоҳҳо, 10 адад лагерҳои мактабӣ, 4 адад боғҳои таҷрибавӣ ва истироҳатӣ, коргоҳи иктишофи геологӣ, заводи гулмоҳипарварӣ, оби шифобахши «Зайрон», пойгоҳи туристӣ, мамнӯъгоҳи Ромит, ошхонаи «Насими Ёс» ба фаъолият оғоз намуданд ва барқарорсозии дигар истироҳатгоҳою табобатгоҳҳо идома дорад.

Дар истироҳатгоҳҳои кӯдакону наврасони «Ҳамсафар», «Булбулакон», «Коргарҷавонон», «Афсонаи кӯҳӣ», «Академияи илмҳо», «Садбарг», «Мағов», «Явроз», «Роҳи оҳан», «Кишоварз»  ва дигар истироҳатгоҳҳо ҳамасола зиёда аз 2800 нафар кӯдакону наврасон ва ҷавонону калонсолон истироҳат менамоянд. Инчунин осоишгоҳи «Тангаӣ» шаҳрвандонро барои табобат қабул менамояд. Дар деҳаҳои Явроз ва Ромит истгоҳҳои мавҷқабулкунии телевизиони марказӣ ба истифода дода шудаанд. Барқарор шудани алоқаи телефонӣ байни шаҳру маркази ҷамоати деҳоти Ромит амалӣ гардид. Айни замон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар қабати шоҳроҳи ин мавзеъ, воқеъ дар ҷамоатҳои деҳоти Симиганҷ ва Чӯянгарон 6 иншооти ҷашнӣ, аз қабили меҳмонхона, мағозаи ҳунарҳои мардумӣ, ошхонаҳои замонавии миллӣ ва бунгоҳи тиббӣ сохта шуда истодаанд, ки дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ба истифода дода мешаванд.

Ҳамзамон дар дараи Ромит аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ меҳмонхонаи замонавӣ иборат аз  4 ошёна бо таъмини шароити замонавӣ,  як адад муассисаи таълимӣ,  бунгоҳи тиббӣ ва ду майдончаи варзишӣ сохта мешаванд, ки рӯзҳои наздик бо иштироки меҳмонони сатҳи олии кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Тибқи иттилои мудири  бахши рушди сайёҳии шаҳри Ваҳдат Сулаймон Наҷмуддинов, соли равон аз ин мавзеъ ва шаҳри Ваҳдат зиёда аз 31 ҳазору 500 нафар  сайёҳони дохилию хориҷӣ боздид намудаанд, ки ин дар рушди иқтисодии шаҳр таъсири мусбат гузоштааст.

Июнь 7, 2018 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ барои бунёди инфрасохтори зарурӣ бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд»
Дар Душанбе рушди бозори меҳнат дар шароити иқтисоди «сабз» баррасӣ шуд
Омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соҳиби сертификати байналмилалӣ гардиданд
Ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи Ситии Малайзия мулоқот намуд
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар Малайзия вобаста ба омоданамоии кадрҳои баландихтисос вохӯрӣ намуданд
Дар Тоҷикистон оид ба рушди сайёҳии кишоварзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ барномаи 3D-и «Аҷинатеппа» муаррифӣ гардид
Омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Линии Чин табодули таҷриба менамоянд
«TOURIST MAP TAJIKISTAN». Он барои ба сайёҳон муаррифӣ намудани мавзеъҳои Тоҷикистон таҳия гардид
Бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамоиш доир гардид
Вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷаласаи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«РОҲГАРДИИ СКАНДИНАВӢ». Дар Тоҷикистон мусобиқаи варзишии сайёҳӣ аз ин намуд баргузор мегардад