Рушди неруи зеҳнӣ ва истифодаи самараноки он-омили муҳим барои ҳифзу нигаҳдошти манфиатҳои миллӣ
ДУШАНБЕ, 08.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Роҳҳои расидан ба муваффақияти касбӣ»- таҳти чунин унвон имрӯз дар Кохи афсарони шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар кори форум муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдусалом Мирзозода, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат Ҳабибулло Амирбекзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, мушовири Раёсати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Камолов, коршиносони соҳаҳои гуногун, олимону муҳаққиқон ва ҷавонони фаъоли вазорату идораҳо иштирок доштанд.
Дар доираи Форум ярмаркаи соҳавии ҷойҳои корӣ барои корҷӯён, намоиши ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи ташкилотҳои марбута, ширкатҳои сайёҳӣ ва намоиши имкониятҳои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат доир гардид.
Муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ризо Назарзода зикр намуд, ки рушди неруи зеҳнӣ ва истифодаи самараноки он яке аз омилҳои муҳим барои ҳифзу нигаҳдошти манфиатҳои миллӣ ба шумор меравад.
«Дар замони муосир, ки амиқшавии нобаробарии кишварҳо зуҳур карда, шиддати таҳдиду хатарҳои пайваста таҳти таъсири рӯзафзуни равандҳои ҷаҳонишавӣ аҳли сайёраро ба ташвиш овардааст, маҳз рушди неруи зеҳнӣ ва истифодаи самараноки он яке аз омилҳои муҳим барои ҳифзу нигоҳдошти манфиатҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз сиёсати ҷавонпарварона ва хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони кишвар, роҳ додани онҳо ба майдонҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ғамхориву дастгириҳои пайваста имрӯз набзи зиндагии кишвар гардидааст»,-афзуд Р.Назарзода.
Зикр карда шуд, ки ҳадафи Форум, пеш аз ҳама, тақвият ва рушди малакаҳои касбии ҷавонон дар самти шуғлнокӣ ва интихоби касби муосир вобаста ба талаботи бозори меҳнат, таҳсилоти олӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, машғул гардидан ба тиҷорат бо тарз ва усули нав дар ҷаҳони муосир мебошад.










Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






