Санадҳои ниҳоӣ ва иқдомҳои минбаъдаи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 18.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми Кумитаи байналмилалии ҳидояткунандаи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор гардид. Мухбири АМИТ «Ховар» аз меҳмонхонаи «Сирена» иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи мазкур Вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Мӯҳриддин, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Лю Чженмин, сармутахассиси Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об Кристина Леб, аъзои Кумитаи байналмилалии ҳидояткунанда ва намояндагони як зумра созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон С. Мӯҳриддин вобаста ба фаъолияти Кумитаи тадорукоти миллӣ оид ба баргузор намудани Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», омодагиҳо ҷиҳати баргузор намудани ин чорабинии муҳим ва дастгирии амалии Кумитаи байналмилалии ҳидояткунанда иттилоъ дод.
Ҳадафҳои Кумитаи байналмилалии ҳидояткунанда ҷалби бештари тарафҳои ҳавасманд дар марҳилаи омодагӣ, ба назар гирифтани пешниҳодоти онҳо дар марҳалаи қабули қарор, ҳамоҳангсозии чорабиниҳои дигари байналмилалӣ бо Конференсияи мазкур маънидод карда шуд. Дар ҷаласа зикр карда шуд, ки бо дарназардошти барномаи васеи Конференсияи мазкур ва сатҳу доираи ширкаткунандагони он Кумита ба ҳадафҳои худ ноил гардидааст. Дар ҷаласаи имрӯза асосан санадҳои ниҳоии Конференсия ва иқдомҳои минбаъдаи он баррасӣ карда шуданд.
Хотирнишон мекунем, ки Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 20 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе расман ба кори худ шурӯъ мекунад.
Дар назар дошта шудааст, ки дар Конференсияи мазкур намояндагони зиёда аз 110 мамлакати ҷаҳон иштирок кунанд.













Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






