«Сомон эйр» дар Соли рушди сайёҳӣ аз Душанбе ба Анталия хатсайр мекушояд

Июнь 11, 2018 09:09

ДУШАНБЕ, 11.06.2018/АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавонавардии «Сомон Эйр» дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷуғрофиёи парвозҳояшро фарох гардонида, шурӯъ аз якуми июли соли равон дар хатсайри Душанбе -Анталия (Туркия) парвозҳои чартерӣ оғоз менамояд. Фармоишгари хатсайри мазкур ширкати сайёҳии «Компас» буда, намояндаи ширкати мазкур дар бозори сайёҳӣ — ҶДММ «Transavia Express» мебошад. Парвозҳо дар масири  Душанбе-Анталия дар даҳ рӯз як маротиба анҷом дода мешаванд.

Аз ширкати ҳавонавардии  «Сомон Эйр» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки парвозҳо дар хатсайри Душанбе- Анталия дар ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва 900 амалӣ хоҳанд гашт. Парвоз аз Душанбе ба Анталия 5 соат тӯл кашида, самти бозгашт ба Душанбе 4 соату 40 дақиқаро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, аз моҳи майи соли равон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар самти Душанбе-Истанбул дар як ҳафта се маротиба – рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе зиёд карда,  ҳамчунин вақти парвозро тағйир дод.

Ба хотири роҳати  мусофирон аз 18 май вақтҳои парвоз аз Душанбе ва аз Истанбул тағйир дода шуданд. Акнун вақти парвоз аз Душанбе соати 05:30 ва аз Истанбул ба Душанбе соати 21:30 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шуд.

Ҷадвали мазкур ба мусофирони тоҷир имкон медиҳад, ки субҳ ба Истанбул парвоз намуда, як рӯзашонро ба манфиат гузаронанд ва субҳи дигар боз ба Душанбе баргарданд. Дӯстдорони саёҳат имкон доранд рӯзҳои истироҳатиро истифода намуда, дар муддати 3 рӯз манзараҳои зебои Истанбулро тамошо кунанд ва ба Душанбе дар рӯзи аввали ҳафтаи корӣ баргарданд.

Алҳол ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»,  ки тирамоҳи соли гузашта аъзои ИАТА гашт, парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Германия, Амороти Муттаҳидаи  Араб, Туркия, Чин, Россия ва Қазоқистон муваффақона иҷро менамояд.

Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.

 

Июнь 11, 2018 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид