ТАРҒИБИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ АЗ САНГАР БА САНГАР, АЗ КИШВАР БА КИШВАР. Андешаҳои ноиби Президенти АИ Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмон

Июнь 26, 2018 09:54

ДУШАНБЕ, 26.06.2018. /АМИТ «Ховар»/Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дарвоқеъ  ташаббускори ҳақиқии  ризоияти миллӣ ва  меъмори   сулҳу ваҳдати тоҷикон  мебошанд, ки  хизматҳои бузургашон дар назди миллат  барои эҳёи нави бунёдкорию  созандагӣ   нақши муҳими  таърихӣ доранд. “Агар  хизматҳои бунёдии  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба шуҷоату истеъдоди  сарвариашон  зам  намоем, пеш аз ҳама,  қобилияти баланд ва касбияти сиёсии    Сарвари давлат ҳамчун  сарвари  сиёсӣ  пеши назар меояд, ки ин мояи  ифтихору  эҳтироми мо ва тамоми тоҷикони дунёст”, — нигоштааст дар як мақолаи худ узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистьон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад АБДУРАҲМОН, ки ба АМИТ “Ховар” фиристондааст. Матни пурраи ин мақола дар зер оварда мешавад.

Рисолати Пешвои  миллат ҳамчун  сарвари сиёсӣ  ва ташаббускори  ризоияти миллӣ  барои  тамоми  бошандагони Тоҷикистони азизамон  ҳамчун ойина  равшану маълум аст, ки Ҷаноби Олӣ  тамоми донишу  ҳастии хешро  барои  сулҳу салоҳ ва оромии кишвар сафарбар намуданд. Зеро вазъи даргириҳои  замони ҷанги шаҳрвандӣ  ва  ҳолати номуайянии  андеша ва ақидаҳои мухталифи  ҷомеаи пасошӯравӣ  кишвари моро  ба доми  ҷанги  таҳмилие кашида буд, ки хоҷагони  хориҷӣ ва “рӯшанфикрони” зери таъсири  исломгароён  афтида, бо амалҳои номатлуби хеш  оташи  ҷангро дубора   фурӯзон менамуданд.

Бояд гуфт, ки  барои пеши роҳи  чунин вазъи даҳшатборро   гирифтан  ба Президенти  кишварамон Эмомалӣ  Раҳмон  масъулияти бузурге  пеш   омад, ки  ин  ҷавобгарии асосӣ дар назди  миллату давлат  буд. Дар баъзе ҳолатҳои дигар, махсусан  замоне,  ки сухан дар бораи ташаббускории ҳақиқии  ризоияти миллӣ ва  меъмори   сулҳу ваҳдати тоҷикон меравад,  дарвоқеъ,  хизматҳои  Сарвари сиёсии кишвар  ҳамчун  фарзанди  содиқи Ватан  пеши рӯй  меоянд, ки  ҳамеша дар  андешаи   ба эътидол  овардани  вазъи  пуртаззоди  ҷомеа мебошанд.

Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ҳолати имрӯзаи ҷомеаро  ба назар гирифта,  шарҳ медиҳанд, ки «оташи ҷангҳои хурду бузург лаҳзае хомӯш нагаштааст. Сару  садоҳои пуризтироб аз расонаҳои хабарии олам қариб ҳар рӯз ба гӯш мерасанд ва сайёраи Замин аз таркиши бомбаву снарядҳои реактивӣ қариб ҳар соат меларзад. Ҷисми сабзи замин оғуштаи хун мегардад, даҳҳо шаҳрҳои обод харобу валангор гардида, садҳо ҳазор одамони бегуноҳ қурбони ҷанги беамон мешаванд. Бо шикастани империяи абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ тақсимбандии геополитикии ҷаҳон дар интиҳои асри 20 ва оғози асри 21 ҷараёни тоза мегирад. Марзбандиҳои минтақавӣ, мазҳабӣ ва  иқтисодию сиёсӣ вусъат мепазиранд. Талошҳои ошкору ниҳон баҳри ба даст овардани бозорҳои ҷаҳонӣ, захираҳои ашёи хом, манбаҳои сӯзишворӣ ва боигариҳои табиӣ боло мегиранд ва дар ҳамин замина гоҳ дар машриқу гоҳ    дар мағриб ҷангу низоъҳои қавмию мазҳабӣ доман меафрозанд».[1] Албатта,  дигар ҷои баҳс нест,  ҳақ ба ҷониби муаллиф аст,  таҳлили  ин воқеаҳо  нишон медиҳад, ки имрӯз ҳам роҳи халосӣ  аз чунин мушкилот  танҳо  бо роҳи гуфтугӯ  ва  баҳам омадани  андешаву  манфиатҳои  тарафҳои муқобил  бояд сурат гирад.

Дар  ин росто  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон   ҳамчун сарвари  эътирофгаштаи    миллат, кафили  сулҳу ваҳдати тоҷикон, эҳёгари   саҳифаҳои аз ёд рафтаи таърихи  миллат дар раванди  чунин дигаргуниҳои ҷиддӣ дар ҷодаи таъмини  амнияти кишвар  ва ризоияти миллӣ тавонистанд  нақши  муҳим дошта  бошанд.

Пӯшида нест, ки дар шароити   тағйироти  нави  ҷаҳонӣ масъалаи  пешгирӣ намудани  низоъҳои фаъол  дар мадди аввал  истода, бештар  ба сарварони сиёсӣ  ва ё роҳбару  пешвоён вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ,  мақоми  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллат ва кишвар  дар масъалаи муттаҳидсозӣ,   ваҳдат, худшиносии миллӣ, тамомияти  арзӣ  ва ҳувияти миллӣ  муҳимияти махсус дорад.

Бояд гуфт, ки Президенти  кишвари мо аз зумраи чунин  сарвароне ҳастанд, ки  дар байни мардум  эътибор, ҷасорат  ва рӯҳи қавӣ доштанашонро ҳамагон эътироф менамоянд.  Албатта, то имрӯз  сулҳу ваҳдати тоҷикон  паҳлуҳои  зиёди норавшане  дорад, ки  бо мурури замон  арзиши онҳо  муайяну муяссар  мегарданд. Махсусан замоне, ки  зархаридони  бегона ҳамроҳи  дастаҳои   иғвоандози  дохилӣ  дар минтақаҳои осебпазири  кишварамон фаъолият  менамуданд, вазъият хеле  мураккаб шуда буд. Ин гурӯҳҳои силоҳбадаст мехостанд  ба воситаи  марзи кишвари мо  ба дигар ҷумҳуриҳои  ҳамсоя  ворид гардида, вазъи дохилии онҳоро  низ халалдор намоянд. Аммо  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ба мушкилоти  дохилӣ нигоҳ накарда, нагузоштанд, ки мухолифон  аз  гӯшаву канори   кишвари мо  ба  ҷумҳуриҳои ҳамсоя ворид шуда,  низоъ андозанд. Ин амал ташаббуси бузурге буд, ки  барои оромии  минтақа  ва сар назадани  низоъҳои нав  муҳимияти махсус дошт.

Президенти мамлакат  дар рӯзҳои вазнинтарин  на танҳо кафили сулҳу салоҳ ва ризоияти миллӣ,  балки  Сарвари сиёсии  муваффақе  дар минтақаи Осиёи Марказӣ  ба ҳисоб  мерафтанд, ки  нагузоштанд оташи ҷанг  дар кишварҳои  ҳамсоя  аланга гирад.

Бартарии  дигари  Пешвои  миллати  тоҷик Эмомалӣ Раҳмон дар  таҳкими  сулҳу ризоияти  миллӣ дар он  аст, ки дар рафтору кирдор  намунаи ибрат буда, тарафҳои ба ҳам муқобилро  ҷамъ оварда тавонистанд. Ҷаноби Олӣ  дар тӯли  фаъолияташон  дар  тарбияи мутахассисони  болаёқат, кордон ва уҳдабаро  саҳми арзанда гузошта, мактаби  давлатдории  миллиро  аз нав эҳё намуданд, ки  барои обрӯ ва ташаккули  давлатдорӣ  арзиши муҳим дорад.

Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Президенти эътирофшудаи халқ,  ташаббускори  ваҳдат ва  ризоияти  миллӣ, балки  шахсияте ҳастанд, ки дар ҳалли низоъҳои  минтақавӣ нақши  хосса  доранд.

Ҳамин  тариқ, Президенти  кишвар дар  ин  марҳилаи  таърих, ҳамчун  Сарвари сиёсӣ  тавонистанд, ки:

  • кишварро аз  ҷанги таҳмилии  дохилӣ  ва  нобудӣ  наҷот  диҳанд;
  • дар мушкилтарин вазъият мардуми кишварро    муттаҳид  намуда,  баҳри якпорчагии  Тоҷикистони  азиз хизматҳои шоёне намуданд;
  • баҳри рушди  кишвар, таъмини  суботи ҷомеа, рушди бонизоми  иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва  сиёсӣ  мусоидат  намуда, кишварро аз бунбасти иқтисодӣ  бароварда тавонистанд;
  • барои имиҷи байналмилалии   Ҷумҳурии Тоҷикистон, эътирофи сиёсии он  дар  минтақа  ва   ҷаҳон корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд;
  • дар  маърифатноккунонӣ  ва  созандагию бунёдкории кишварамон  устувории ҷиддӣ  ба миён оварданд.

Бояд тазаккур дод, ки агар тоҷикон бо сарварии  Президенти кишвар худашон талош ба ваҳдати миллӣ  наменамуданд,  ягон қувва ва ё тарафи миёнарав онҳоро ба ҳам оварда наметавонист. Ин, пеш аз ҳама, бо иродаи матини Сарвари сиёсӣ  ва  фарҳангсолории   миллати  тоҷик рабт дорад. Дар баробари ин, тарафҳои даргир пурра ҳис карда буданд, ки ваҳдати миллӣ ягона имконияти таърихӣ ва роҳи халосӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ аст. Аз ин рӯ, дар навбати аввал камбудиву норасоиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву сиёсиро дар баробари ваҳдати  миллӣ  қиёс намуда, бартарии ваҳдатро аз ҳама болову воло донистанд. Ана ҳамин интихоби таърихӣ чеҳраи тобноки  миллати моро бори дигар рӯшан сохт, ки имрӯз дар тӯли 21 соли   баъди ба даст овардани Ваҳдати миллӣ  кишвари моро ба пешравӣ ва дастовардҳои зиёде ноил гардонид.

Дуюм, масъалаи баргардонидани гурезаҳо аз хориҷи кишвар ва истодагарии  Президенти  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қавли хеш. Яъне баргардонидани охирин гурезаҳо аз кишварҳои  дигар.

Бояд гуфт, ки дар давоми ду соли пас аз қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ аз  ҷониби  Ҳукумат ва Комиссияи оштии миллӣ  бо  кумаку дастгирии СММ,  новобаста ба он, ки баъзе масъалаҳо  ба таъхир андохта шуданд, вале дар бисёр масъалаҳо кори зиёде ба анҷом расонида шуд.[2] Аксарияти корҳои ба  анҷомрасида, ба монанди гузаронидани муколимаи васеъ миёни қувваҳои гуногуни сиёсӣ, озод намудани маҳбусон, ислоҳоти баъзе сохторҳои давлатӣ ба он оварда расонид, ки боварӣ ва ҳамдигарбахшӣ дар ҷомеа мақоми худро пайдо кард. Гарчанде  баъзе  гурӯҳҳои алоҳида  то охир  ба қавли худ  вафо накарданд, вале амалҳои номатлуби  онҳо низ ваҳдати миллии  моро  халалдор карда натавонистанд.

Боиси ифтихор аст, ки  бо ташаббус ва  қадами неки   Президенти ҶТ  Эмомалӣ Раҳмон ваҳдату ризоияти миллӣ  дар  ҷомеа  устувор гардид, азамати шаҳру деҳоти  кишвар  боз ҳам  боло  рафт, соҳаҳои  гуногуни  ҳаёти ҷамъиятӣ рушд ёфтанд, мактабу маориф, илму маърифат мавқеи худро боз ҳам   қавитар  намуданд. Барои чунин хизматҳои шоёнашон мардум бештар ба шахсият, миллатдӯстӣ,  таъсирбахшӣ, қобилиятнокӣ, хусусиятҳои шахсӣ, дараҷаи баланди фаъолнокӣ, устувории қавӣ,  поквиҷдонӣ ва боинсофии  Президенти кишвар  эътибори ҷиддӣ дода, дар сиёсати миллӣ   ӯро  шахси боэҳтирому  муваффақ медонанд.

Дар арафаи  иди Вахдату  ризоияти  миллӣ барои дарку эҳтироми   арзишҳои  сулҳи бадастомада  ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва  дигар  нафароне, ки ҷони худро  барои сулҳу ваҳдат дареғ надошта,  аз сангар ба сангар, аз кишвар ба кишвар идеяи ваҳдати миллиро ташвиқу тарғиб  менамуданд, бояд  изҳори  миннатдорӣ  намуд.

Ҳамзамон  пойтахти азизамон- шаҳри Душанберо   ҳамчун шаҳри  рамзи  ваҳдати  миллии  тоҷикон,   шаҳри муколамаю  таҳаммулпазирӣ ва сулҳу ваҳдат  эҳтирому  эътироф  намуда, нақши  онро  дар давлатдории  навини тоҷикон  ҳамеша устувору барҷаста бояд донист.

Муҳаммад АБДУРАҲМОН,
узви вобастаи АИ ҶТ,
                                            доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

[1] Раҳмонов Эмомалӣ. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён».-с.8.

[2] Ниг.: Н.Салимов. Фалсафаи ваҳдати миллӣ. –Душанбе, 2000. –С. 125.

Июнь 26, 2018 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард