«ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН!». Таҳти чунин унвон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Озмуни ҷумҳуриявиро барои эҷоди беҳтарин мақола эълон намуд

Июнь 12, 2018 14:40

ДУШАНБЕ, 12.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон- ватани азизи ман!»- таҳти чунин унвон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни мақолаи беҳтарин эълон намуд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмуни мазкур ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бахшида шуда, бо мақсади тарғиби зебоии табиати нодири Тоҷикистон, имконияту шароити фароҳамоварда, инъикоси таърихи куҳанбунёд ва миллати фарҳангсолор, муносибатҳои дохиливу хориҷӣ ва тамоми дастовардҳои назаррас, баланд бардоштани ғурури миллӣ ва ҳисси беинтиҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ба ин восита, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, озодихоҳиву меҳанпарварӣ, садоқатмандиву ҷонфидоӣ дар роҳи нигаҳдошти марзу буми ватан баргузор мегардад.

Ба иттилои манбаъ, мақолаҳо то 31 августи соли равон қабул ва ғолибон аз ҷониби комиссияи босалоҳияти иборат аз мутахассисони соҳа баҳогузорӣ ва муайян карда мешаванд.

Довталабон метавонанд мақолаҳои худро бо зикри ному насаб, вазифа, суроғаи ҷойи зист ва телефонҳои тамос бо ишораи «Ба озмун» тариқи электронӣ дар ҳаҷми то 6 саҳифа бо шрифти Times New Roman Tj шрифти 14 ба почтаи электронии ahmadzoda8923@gmail.com ва хаттӣ ба суроғаи Кумита пешниҳод намоянд.

Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

 

Июнь 12, 2018 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд