«Тоҷикстандарт»: Воридоти тухм аз ягон давлати хориҷӣ манъ нашудааст, вале тухм бояд бо риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ворид гардад
ДУШАНБЕ, 08.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар панҷ моҳи соли 2018 аз хориҷи мамлакат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 млн. 921 ҳазору 600 дона тухм ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 қариб шаш маротиба кам мебошад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» корманди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фахриддин Собиров иттилоъ дод.
Номбурда зикр кард, ки «аз ин шумора 6 млн. 826 ҳазору 680 дона ба Россия ва 1 млн. 94 ҳазору 920 дона ба Ӯзбекистон рост меояд. Бо вуҷуди хеле кам шудани воридоти тухм аз хориҷи кишвар дар бозори истеъмолӣ камчинии ин намуди маҳсулот эҳсос намегардад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон корхонаҳои парандапарварӣ зиёд шуда, маҳсулоти дар дохили кишвар истеҳсолшаванда бозори истеъмолиро таъмин менамоянд ва барои воридоти он аз хориҷи мамлакат дигар эҳтиёҷ намондааст». Агар коҳиш ёфтани воридоти тухми мурғро аз хориҷа мақомоти гумрук ба зиёд гардидани корхонаҳои парандапарварӣ ва зиёд шудани истеҳсоли тухми ватанӣ вобаста донанд, мақомоти «Тоҷикстандарт» онро ба риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ рабт медиҳанд.
Тибқи маълумоти маркази матбуоти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давоми 4 моҳи соли равон 468 ҳазору 826 тонна тухми мурғи воридотӣ ғайристандартӣ шуморида шудааст, ки сабабҳои асосӣ тамғагузорӣ ва сифати ин маҳсулот мебошад. Бино ба иттилои манбаъ, дар панҷ моҳи соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 воридоти тухми мурғ 1709 тонна (78%) кам шудааст. Яъне воридоти тухм аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ дар панҷ моҳи соли 2017 2179 тонна ва панҷ моҳи соли 2018 470 тоннаро ташкил додааст.
Тайи чанд рӯзи охир мавзӯи пурра манъ шудани воридоти тухм аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ дар сархати баъзе аз сомонаҳо қарор гирифтааст. Муовини якуми директори Агентии мазкур Диловар Пирназарзода ин матлабро беасос хонда, чунин иброз дошт: «Аввалан, Агентии «Тоҷикстандарт» ваколати манъи молу маҳсулоти воридшавандаро надорад. Дуюм ин ки мо танҳо барои сифату бехатарии молу маҳсулоти воридотӣ ва истеҳсоли дохилӣ хулоса медиҳем. То имрӯз аз ҷониби мақомоти «Тоҷикстандарт» барои манъи ворид гардидани тухм аз хориҷа ягон хулоса пешниҳод нагардидааст».
Бино ба гуфтаи мавсуф, «ҳар як молу маҳсулоте, ки ба ҷумҳурӣ ворид мешавад, махсусан маҳсулоти ғизоӣ бояд аз ҷиҳати сифат ва бехатарӣ ба талабот ҷавобгӯ бошад. Тухм маҳсулоти тезвайроншаванда аст ва «Тоҷикстандарт» ҳамеша аз ширкатҳо ва соҳибкороне, ки ба воридоти тухм машғул ҳастанд, талаб мекунад, ки ҳолати нигаҳдорӣ, интиқол, тамғагузорӣ, фурӯш ва дар маҷмуъ бехатарӣ риоя карда шавад. Дар ҳолати риоя шудани ин талабот барои воридоти ин маҳсулот ягон монеа эҷод намешавад».
Аз тарафи дигар,-мегӯяд Диловар Пирназарзода,- тайи ду соли охир бо дастгирии Ҳукумати ҶТ ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат соҳаи парандапарварӣ дар ҷумҳурӣ рушд ёфта истодааст. Дар ҷумҳурӣ аллакай якчанд корхонаҳои парандапарварӣ фаъолият доранд, ки бозори истеъмолиро бо тухми ватанӣ таъмин менамоянд. Ҳамчунин барои омода кардани хӯроки паранда ҳам дар ҷумҳурӣ корхонаҳо таъсис ёфтаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ширкатҳои ватанӣ дар ояндаи наздик метавонанд пурра бозори истеъмолиро бо маҳсулоти худӣ, аз ҷумла, тухм таъмин намоянд.
Хушбахтона, сокинони кишвар ҳам ба маҳсулоти ватанӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд. Албатта, агар аз маҳсулоти ватанӣ истифода барем, хубтар аст. Зеро ҳамаи молу маҳсулоте, ки дар кишвар истеҳсол мешаванд, онҳо зери назорати домии мақомоти дахлдор ҳастанд ва ба бехатарию сифати онҳо кафолат дода мешавад, ки ин ҳам ба нафъи истеъмолкунандагон ва ҳам истеҳсоли худӣ хоҳад буд. Мо бояд барои пешрафти иқтисодиёт, таъсиси ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани соҳаҳои хоҷагии халқ саҳмгузор бошем.
Мавриди зикр аст, ки тайи ду соли охир аз ҷониби «Тоҷикстандарт» 16 регламенти техникӣ таҳия гардид ва ин регламентҳо талаботи ҳатмӣ дошта, воридоти молу маҳсулоти пастсифатро ба ҷумҳурӣ пешгирӣ мекунанд.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»