ВАҲДАТИ МО АКСИ БЕБОКИИ ӮСТ. Симои ваҳдати миллӣ дар тасвири Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло

Июнь 26, 2018 09:42

“Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ тстиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт”.
Эмомалӣ РАҲМОН

ДУШАНБЕ, 26.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Вақте ки  аз мо суол мекунанд: ваҳдат чист? метавон бо забони содаву фаҳмо гуфт: ваҳдат осмони соф, зиндагии орому тинҷ, чеҳраҳои хушбахт аст. Ваҳдат сулҳ аст, ягонагист. Ваҳдат тифлакони хурраму шод, дӯстиву бародарӣ, ҳамдиливу ҳамҷаворӣ, муттакову дастгири ҳамдигар будан аст. Ҳатто ҳамон лаҳзае, ки мо ин вожаҳоро ба забон меорем, бубинед, чӣ қадар сафо, умед, тароватҳои нишотангез аз онҳо ба дили мо мерезанд.

Ваҳдат мисли як сарчашмаест, сарчашмаи поку зулолу шодобу фараҳбахш. Ҳамон сарчашмае, ки аз он ҷӯйбору рӯдҳои зиёде оғоз мегиранд, ҷорӣ мешаванд, ҳам ташнагии моро мешикананд, ҳам зиндагии моро шодоб месозанд. Аз шукӯҳу таровати онҳо ҳама ҷо сарсабзу шукуфон, ҳама ҷо боровару пурфайз. Ҳамин сарчашма аст, ки зиндагии моро низ сабзу хурраму шукуфон медорад. Ҳамин сарчашма аст, ки моро, имрӯзу ояндаи моро зиндаву поянда медорад. Аслан шарофати зиндагии мо, ҳосили дарахтони мо, ҳосили зироати мо, покиву озодагии мо, тани сиҳату сари баланди мо- аз ҳамин сарчашмаи  зиндагиофар аст. Оре, Ваҳдати миллии моро метавон ба ҳамин сарчашма  шабоҳат дод.

Ваҳдати миллӣ кафили  ҳастии мову миллати мост. Аз ин рӯ ҳамин ваҳдат аст, ки моро  сарварӣ мекунад, ҳамин ваҳдат аст, ки  раҳнамои мост. Ваҳдат моро масъул ва вазифадор мекунад, ки онро пойдор дорем, зеро  муттакои мост, зеро бе ӯ ҳастии мо зери хатари шубҳаву ноумедиҳо мемонад.

Биёед ба ёд орем, ки нотифоқӣ, парокандагӣ дар оғози истиқлолият ба мо чӣ овард? Мо натавонистем дар лобалои аввалин имтиҳони тақдир ба сабабӣ нотифоқӣ ва беҳамиамон истодагароӣ кунем. Суханҳое, ки чун барқ дар он рӯзгори тира дурахшиданду моро умедвор намуданд, инҳо буданд: “Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард!”; “Ба хонадони ҳар яки шумо сулҳ меорам!”, “То як тоҷик берун аз ватан қарор дорад, ман худро ором ҳис карда наметавонам”.

Ин суханҳои бо эҳтирос ва самимияти баланди ватандӯстона  гуфтаи Сарвари нави давлати тоҷикон хушку холӣ  набуданд  ва арзишашон дар он буд, ки дар паси онҳо  амалҳои содиқонаву ватандӯстонаи Сарвари давлат ва халқи мо меистод.

Ваҳдати миллӣ ҳамон вақт муяссар мешавад, ки ҳамаи миллат моҳияти онро фаҳмаду халқ онро дастгирӣ кунад. Бо ҳама вуҷуд, бо ҳама эътиқод, бо садоқат ва бовари комил дасти ба даст, китфи ба китф, ҷони ба ҷон  бархезанд.

Ваҳдати миллӣ наметавонад бо як шиорзанӣ, лофу газоф ва даъвоҳои беасосу бепоя  бунёд ёбад. Вақте ки ҳар яки мо худро хишту соруҷи  пойдевору бораҳои он насозем, наметавон умедвор шуд, ки ин бино, ки бинои тақдири миллати мост,  бунёд мешавад.  Бояд онро нахуст дар вуҷуди худ, дар пайкари худ бунёд бинамоем. Аз ин рӯ бо ҳидоятҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаракатҳои худшиносии миллӣ ва ифтихори миллӣ бо такя ба суннатҳои баланду неки миллӣ саросари кишварро фаро гирифтанд ва пояи мустаҳками Ваҳдати миллиро гузоштанд.

Чандин омилҳо ва далелҳое ҳастанд, ки моро ба ояндаи Ваҳдати миллӣ умедвор мекунанд. Нахуст, имтиҳони ҷанги шаҳрвандӣ, ки миллати мо тавонист онро пушти сар кунад, дуввум хиради зотии халқи мо, ки дар бастани Созишномаи сулҳ зуҳур ёфт.

Миллати тоҷик миллатест ки дар таърих ҳамеша бо сулҳпарвариву башардӯстиву инсонгарии худ ном баровардааст:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Миллати некӯманиши мо, ки ҷабри парешониву нотифоқиҳоро зиёд дидааст, бештар аз ҳар миллати дигар моил ба ягонагиву ваҳдат аст. Ҳамин асос шуд, ки Созишномаи таърихӣ баста шавад. Албатта, нақши  барҷаставу дурахшони Пешвои муаззами миллатро дар ин маврид  наметавон нодида гирифт.

Ин чиз мусаллам аст, ки зиндагии инсон  танҳо бо ваҳдат назму низом дорад ва пойдор аст. Азбаски асоси табиат ва коинот дар ваҳдат аст, аз ин рӯ танҳо миллате метавонад комил бошад, ки ба ваҳдати худ расида бошад. Агар асоси ҳар бино, пойдевору сутунҳои он набошанд, гумон аст бино қомат афрозаду пойдор бимонад.  Ин асос, ин сутун барои қомат афрохтани ҳастии ҳар миллат танҳо ягонагӣ ва ваҳдати он  халқу миллат аст. Танҳо халқе, миллате метавонад худро бунёд гузорад, ки ваҳдати комили худро бунёд гузоштааст, хусусан дар ин замони набардҳои шадид.

Агар мо хоҳем муҷассамае барои ваҳдати худ гузорем, гумон мекунам ин муҷассама  дар симову шахсияти Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон кайҳо зуҳур кардааст. Чеҳраи Пешвои мо худ чеҳраи ваҳдат аст, дасту бозуву  ҷисму ҷони ӯ, неруву муҳаббати инсониву шаҳрвандии ӯ бо обу хоки ваҳдати ватан сиришта шудааст. Зеро ҳақиқат ин аст, ки ӯ ваҳдатро бо ҷисму ҷони худ, ҷисму ҷони халқи худ пайваста бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт.

Ваҳдати миллӣ ҳамин симои ӯст,

Дасту пои ӯ қаду болои ӯст.

Ваҳдати миллӣ ҳамин тамкини ӯст,

Сабри беҳад, тоқати сангини ӯст.

Ваҳдати миллӣ ҳамин эҳсони ӯст,

Ҳиммати ӯ, нанги ӯ, виҷдони ӯст.

Ваҳдати мо акси бебокии ӯст,

Хайри ӯ, некии ӯ, покии ӯст.

Ҳиммате, ки душманонро дӯст кард,

Миллатеро дар тане ҳампӯст кард…

Ваҳдати миллӣ ҳамин имони мост,

Сурати Эмомалӣ Раҳмони мост.

Сулҳу ваҳдат дар таълимоти дини мубини мо низ болотар аз ҳама чиз, ҳатто рӯзаву намозу садақа  гузошта шудааст. Расули акрам (с) гуфт: “Бигӯям шуморо,   чист, ки аз намозу рӯзаву садақа фозилтар аст?”, Гуфтанд: “Бигӯй!” Гуфт: “Сулҳ афкандан миёни мусулмонон.”

Оре, Ваҳдати миллӣ, ин дастоварди хуҷаста  барои миллати мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Мо хуб медонем, ки чӣ талошҳову ҷоннисориҳое аз ҷониби фарзандони наҷиби миллати мо, хусусан Пешвои миллатамон  ба амал бароварда шуданд, то ки мо ба ин дастоварди беназири таърихӣ ноил гардем ва имрӯз бо ифтихор  21- солагии онро тантана намоем. Имрӯз мо бояд сари он андеша кунем, ки чӣ гуна ин дастоварди беназири таърихии халқамон – Ваҳдати миллиро на танҳо маҳфуз дорем, балки тақвият бахшем, комилу пойдор ва бегазанд гардонем?

Барои ин аввал мо бояд суоле пеши худ гузорем: он чист, ки ваҳдати миллӣ бар он асос меёбад? Чӣ сутунҳое бояд бунёд кард, то тавонанд бори ваҳдати миллиро бар дӯш бардоранд? Ба гумони банда дар ин маврид чанд омили асосӣ нақши ҳалкунанда хоҳанд дошт.

Омили аввалине, ки метавонад миллатро ба ҳам орад, ҳадафи бузург ва тақдирсози миллист. Халқҳоро ҳадафи бузург ба ҳам меорад ва раҳнамоӣ мекунад. Ҳадафи бузург аст, ки ба онҳо бовар ва неру мебахшад. Хушбахтона, мо чунин ҳадафро дорем, ки ин бунёди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст.

Дуюм, ваҳдат ҳамон вақт пойдор хоҳад буд, ки бар адолати иҷтимоӣ ва аслан бар адолат  асос ёфта бошад ва ин яке аз омилҳои тақдирсози ваҳдат аст. Зеро асоси ваҳдат адолат буда, ваҳдат  ва ягонагии  мардум,  пеш аз ҳама,  ба адолат ниёз дорад ва бо  адолат қавист.

Сеюм, бе худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ, шинохти ҳувияти миллӣ, дарки расолати миллӣ ба даст овардани ваҳдати миллӣ номумкин аст.

Чаҳорум, таҳким ва риояи қонуният дар кишвар, иҷрои бечунучарои он. Табиист, ки қонун, ягонагӣ ва мувозинат дар ҷомеа асоси бунёди ҳар бино, аз ҷумла бинои ваҳдати миллист.

Панҷум, раҳнамои худ намудани хирад ва сабақҳои таърих, ки дар собиқаи миллии мо кам нестанд.

Шашум ва аз ҳама ҳалкунанда-ҳадафи асосии худ қарор додани ташаккули шуури миллӣ ва манфиатҳои умумимиллист. Зеро ваҳдат кафили асосии  рушди давлату миллатамон хоҳад буд.

Метавон рӯйхати ин омилҳоро идома дод.

Хушбахтона, имрӯз Тоҷикистони азизи мо соҳиби Пешвоест, ки омилҳои номбурдаро сармашқи кори худ намудааст ва он фирӯзиҳое, ки халқи мо дар бунёди Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи навини  Тоҷикистон  ба даст овардааст, маҳз бо риоя ва амалӣ намудани ин омилҳои тақдирсоз таҳти сарварии ӯ ба вуқӯъ пайвастаанд.

Дар бунёди ваҳдат, таҳким ва ҳимояи он мо бояд сифатҳои зотӣ, одобу анъанаву суннатҳои халқамонро  ба назар гирем, ки бе донистани он шояд мо натавонем бинои ваҳдатро бе костиҳо бунёд кунем.

Мо набояд худро бифиребему ба худ дурӯғ гӯем, зеро ин на ба манфиати истиқлолияту ваҳдат ва мақсадҳои наҷиби мо ва Сарвари шуҷоъу ватандӯстамон аст. Дар китоби “Раванди ваҳдат ва назарияи он”, ки бо пешгуфтори Пешвои миллат ба табъ расидааст, ин нуктаҳо таъкид мешаванд, ки “баъзе аз қисмати мардумамон дар бораи истиқлолият фаҳмиши  сарсарӣ  ва сатҳӣ доранд ва то ҳанӯз  манфиати Ваҳдати миллиро  нафаҳмидаанд. Ҳастанд одамоне, ки бо фориғболӣ, худношиносӣ, ҷудоихоҳиву ҷудоиандозӣ, сарватҷӯиву мансабхоҳӣ манфиатҳои шахсии худро аз манфиатҳои ватану истиқлолият боло гузошта, садди роҳи ваҳдати миллӣ, ягонагии мардум ва якпорчагии сарзаминамон мегарданд.”

Аммо банда бовар дорам, ки кулли мардум, халқи некӯманишу хирадпешаи тоҷик, ки ҷабри таъриху сарнавиштро бисёр дидааст, таҳти сарварӣ ва раҳнамоии Пешвои ҷоннисору халқпарварамон имрӯз бо тамоми муҳаббату садоқат ба хоки муқаддаси худ, бо тамоми он хиради зотие, ки доранд, ин дастоварди беназири таърихии худ-Истиқлолияти давлатиро на танҳо пуштибонӣ мекунанд, балки ҷоннисорона онро таҳким мебахшанд  ва дар ин ҷода нерӯ, раҳнамо ва кафили онҳо Ваҳдати миллии халқамон хоҳад буд.

Камол Насрулло,
Шоири халқии Тоҷикистон,
барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

 P.S. Дар зер чанд шеъри муаллиф бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, иди сарҷамъкунандаи мардуми тоҷик,  омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон, ки ифодагари арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда,  сулҳ ва ризоияти миллӣ, дастоварди бузурги таърихӣ, оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик мебошад, пешниҳоди хонандагони сомона гардонида мешавад. Ҳадафи мо ин аст, ки бояд неъмати бебаҳо ва муқаддас – Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар тарбия намоем, то дар оянда ин гавҳари ноёбро бештару беҳтар аз мо ҳифз намоянд.

Пешвои ваҳдат

Тоҷикистон сарзамини дилрабои ваҳдат аст,

Осмонаш файзафшон аз сафои ваҳдат аст.

Ҳар гулу ҳар сабзаву ҳар ҷӯяки оби равон

Раҳкушову раҳсипору раҳнамои ваҳдат аст.

Оби софи чашмаҳои шаҳдрезаш ҷӯ ба ҷӯ

Ҳамсуруду ҳамдуруду ҳамсадои ваҳдат аст.

Ин куҳанмарзи азизон зодгоҳи бахти мост,

Бахти нурафшони мо андар ҷилои ваҳдат аст.

Сулҳ чун пероҳани зебост бар андоми халқ,   —

Шаъни мо, пирӯзии мо дар намои ваҳдат аст.

Савти ишқ ояд ба гӯш аз тор – тори шаршара,

Обшори Меҳани мо – обшори ваҳдат аст.

Чун кабӯтар сулҳи тоҷикон парафшон дар самост, —

Бар ҳама дунё паёми мо салои ваҳдат аст.

Он чи фардо парчами моро ба кайҳон мебарад,

Дасти азми халқи мо – дасти расои ваҳдат аст.

Бегазанду ҷовидонӣ бод он халқе, ки ӯ

Сӯи фардояш равона по ба пои ваҳдат аст.

Тоҷикистон маркази сулҳу амонии ҷаҳон,

Пешвои миллати мо – Пешвои ваҳдат аст!

29.05.2018.

Ваҳдати миллӣ ҳамин симои ӯст,

Ваҳдати миллӣ ҳамин симои ӯст,

Дасту пои ӯ, қаду болои ӯст.

Ваҳдати миллӣ ҳамин тамкини ӯст,

Сабри беҳад, тоқати сангини ӯст.

Ваҳдати миллӣ ҳамин эҳсони ӯст,

Ҳиммати ӯ, нанги ӯ, виҷдони ӯст.

Ваҳдати мо акси бебокии ӯст,

Хайри ӯ, некии ӯ, покии ӯст.

Ҳиммате, ки душманонро дӯст кард,

Миллатеро дар тане ҳампӯст кард.

Ваҳдати миллӣ фурӯғ андар тан аст,

Пеши дарёро ба сина бастан аст.

Кӯҳро кандан ба нохунҳо, ба чанг,

Рӯшанӣ берун баровардан зи  санг.

Рехтан аз ҷисми худ, аз ҷони худ

Хиштҳои қалъаи имони худ.

Кардан аз хоки тан эҳёи Ватан,

В-аз фари худ фарри фардои Ватан.

Ваҳдати миллист, агар ишқи Ватан

Мефурӯзонад туро дар ҷону тан.

Он гаҳе, к-аз остон то осмон

Шӯълавар гардад вуҷуди тоҷикон.

Ваҳдати миллӣ ҳамин иқдоми ӯст,

Ваҳдати миллӣ — худи ӯ, номи ӯст.

Ваҳдати миллӣ ҳамин имони мост,

Сурати Эмомалӣ Раҳмони мост.

Чакомаи  Ваҳдати  миллӣ

“Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти аосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад”

Эмомалӣ Раҳмон

Инак аз худ вораҳида,

Чун тулӯъи субҳи нав аз худ дамида,

Бо ҳама тандес боло мешавам,

Аз  сиришти сарнавишти  худ

ҳувайдо мешавам!

Мебарорам пайкарамро,

Бо дурахши эътимодам

Аз ниҳодам!

Инак аз тан вораҳида

Ман ҳама ово шудам, ово шудам,

Чун садо аз пардаҳои ҷони худ пайдо шудам:

Ваҳдати миллӣ!

Дастоварди беҳини миллати бедор

Дар ҳама таърихи будан,

Дар ҳама даврони худро

Аз даҳони бози деви даҳшати дунё рабудан!

Аз ҳама пайҳои нопайдо

зи нав пайдо намудан.

Ҳеҷ истиқлолу озодӣ нарӯяд чун дарахти борвар

Бе замини Ваҳдати миллӣ

Дар ҳавои лоф, дар хоки газоф!

Дар сарафрозии бе поя

Дар ягон Қоф!

Эй дурахши бахти тоҷик

Дар  самои тираи ҳастӣ,

Дар баҳои қисмати сангин,

Дар баҳои рӯзгори сахти тоҷик!

Эй булӯрин ҳолаи хушбахтии мо,

Ваҳдату ҳамрахтии мо!

Бе ту моро пояи поянда нест!

Бе ту моро ояи оянда нест!

Ваҳдати миллӣ!

Ҳастии мо дар кафи мушти ту танҳо бегазанд аст!

Ҳастии мо  бо ту зебо, бо ту ширин, бо ту қанд аст!

Арҷи  мо бо ту баланд аст!

Бо ту танҳо, бо ту танҳо, бо ту танҳо

Зиндагонӣ арҷманд аст!

Бе ту фардо нест!

Ҳам агар бошад, дар он нуре ҳувайдо нест!

Рӯди моро бе ту маҷро нест!

Дониши мо бе ту доно нест!

Бе ту моро дар замину дар само,

дар ду ҷаҳон ҷо нест!

Зиндагиро бе ту маъно нест!

Ваҳдати миллӣ!

Ҷавшани мо бош!

Махзани мо бош!

Офтоби   равшани мо бош!

Дар дарахти ҳастии ин миллати некӯманиш

Дар баҳои заҳмати садасраи ӯ чун самар бош!

Дар ҷаҳони ҷангҳои одамихор

Дар тани мо чун сипар бош!

Эй умеди охирин дар остони ноумедӣ!

Эй тулӯи озарин дар осмони ноумедӣ!

Нестӣ бо мо агар ҳоло,

ба фардо нестӣ!

Ори мо ҳеҷ аст, агар онро ту оро нестӣ!

Ваҳдати миллӣ, фурӯзон шав,

Чун  чароғ андар даруни мо!

Шӯъла зан дар ҷони мо, дар мағзи хуни мо!

Бе ту нуре нест дар бахти нагуни мо!

Охирин дасти раҳобахши фазилат

Бар сари мо

дар канори вартаҳои нестӣ!

Эй хушо, дасти наҷоти мо,

Аз варои нестӣ!

Дар тани хуншори мо,

дар торами ҳар тори мо

мисли  наво ҳастӣ!

Чунки дар чашмони мо мисли зиё ҳастӣ!

Чунки дар дастони мо мисли дуо ҳастӣ!

Дар ҳама ойини мо ойина ҷавлон мезанад!

Миллати ойинаҳо моем,

Миллати хайру сахо моем,

Миллати беиддао моем!

Миллати лутфи Худо моем!

Дар ҳама ойини мо ойина акси офтоб аст!

Дар ҳама ойини мо ойина акси родмардӣ,

Акси ишқ аст, акси одоб аст!

Меравад бо рӯдбори дастҳои мо

Он сахо, он ҳиммате, ки рӯди шодоб аст!

Миллати шеъру суруду дарду  созу сӯз моем,

Миллати Наврӯз моем!

Миллати некӣ,

Миллати халқи сафоафрӯз моем!

Миллате, ки аз замони Зардуҳишт

Дар ниҳодаш нур дорад,

Нури ақлу нури идрок,

Нури ҷони пок,

нури сур дорад!

Миллате, ки ҳифз медорад варо

як умр тӯмори сухан,

Зинда гар бигзаштааст аз тирароҳи асрҳо,

Раҳнамояш  буда анвори сухан…

Ваҳдати миллӣ!

Сарнавишту ҷавшани мо бош!

Балки худ ҷилди тани мо бош!

Эй қавитар аз ҳама фӯлод,

Бош бо мо, бош дар бунёд!

Путку сандоне туро кай бишканад?

Теғу дандоне туро кай бишканад?

Инак, ин ман!

Вораҳида аз худ, аз таърих!

Дар ҷаҳоне, ки замину коинот аз ваҳдат аст,

Миллате кай метавонад зист бе ваҳдат!?

Ҳеҷ  қонуну низоме нест бе ваҳдат!

Зиндагӣ худ ваҳдати хок асту обу оташу бод,

Ваҳдати ин чор ёр аст умрбод!

Ту  шараф, ту нангу номус, балки имонӣ!

Қалъаи амнияти мо дар ҷаҳонӣ!

Дар вуҷуди мо ту виҷдонӣ!

Дар сиришти мо музайян бош!

Дар вуҷуди мо мутантан бош!

Дар ниҳоди мо таҳамтан бош!

Ваҳдати миллӣ!

Маро ҷон шав,

маро тан бош!

Эй Худо, ман бош, ман бош!

Эй Худо, ман бош, бо ман бош!!!

1-2.02.2017.

Июнь 26, 2018 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар панҷ соли оянда дар ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Шуруъ аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ зиёд карда мешавад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав расонида шуданд
Ба кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Кӯлоб кумак ва туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Ҳисор туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ноҳияи Рӯдакӣ туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии ноҳияҳои Ёвон ва Ҷалолиддини Балхӣ туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим шуданд
Кумакҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон расонида шуданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии кӯдакони ятими минтақаи Рашт расонида шуданд
Кумакҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе расонида шуданд
Дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ бунёд мешавад
«ЗАН ВА ЗАМОН: 25 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ доир гардид