Варзишгарони тоҷик дар бозиҳои олимпӣ парчами миллиро парафшон ва миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунанд. Рӯзи байналмилалии олимпӣ муборак!

Июнь 23, 2018 12:10

ДУШАНБЕ, 23.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола  дар ҷаҳон 23 июн Рӯзи байналмилалии олимпӣ   таҷлил мегардад. Ин рӯз ба хотири эҳёи ҳаракати олимпӣ аз тарафи давлатҳои ҷаҳон қабул шуда, ҳамасола дар  ин сана чорабиниҳои варзишӣ баргузор карда мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ  дар радифи  мамлакатҳои дигари ҷаҳон  ин рӯзро ҷашн гирифта,  ҳамраъйии худро ба тамоми сокинони сайёра, ки ҳаракати олимпиро чун ифодагари ҳамдиливу ҳамбастагӣ эътироф кардаанд, изҳор менамояд.  

Мақсад аз таҷлили Рӯзи байналмилалии олимпӣ  тарғиби варзиш ва ҷалби инсонҳо ба таҳкими тарзи ҳаёти солим дар арсаи байналмилалӣ буда, ба гуфтаи корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода моҳи июни соли 1894 дар шаҳри Парижи Франсия Конгресси байналмилалӣ оид ба мушкилоти тарбияи ҷисмонӣ доир гардид ва дар  он намояндагони 12 кишвари ҷаҳон ширкат намуданд. Дар Конгресси мазкур заминагузори ҳаракати олимпии муосир Пйер Де Кубертен доир ба бозиҳои олимпӣ ва саҳми онро дар соҳаи варзиш сухан гуфт.

«Соли  1894 дар Юнон аввалин маротиба бозиҳои олимпии муосир бо иштироки 241 нафар варзишгар аз 14 кишвари ҷаҳон ва аз рӯи 9 намуди  варзиш баргузор гардиданд. Пас аз гузашти 100 сол соли 2004 Бозиҳои олимпӣ дар Юнон бо иштироки 15 ҳазор варзишгар аз 202 давлати ҷаҳон доир гардида, варзишгарон аз рӯи 28 намуди варзиш ҳунарнамоӣ намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳаракати олимпиро хуб пазируфтааст. Боиси  хушнудист, ки дар шароити имрӯзаи рушд ва дар доираи татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маркази он ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим қарор дорад, рӯ овардан ба варзиш машғулияти асосии мардум, бахусус наврасону ҷавонон гардидааст»,- гуфт Каримҷон Салимзода.

Тавре  котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пош хӯрдани  Шӯравӣ соли 1992 ташкил шуда, аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ соли 1993 расман шинохта шудааст. Ҳоло бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ Тоҷикистон дар соҳаи варзиш ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гардида,  варзишгарон дар бозиҳои олимпӣ ва мусобиқаҳои байналмилалӣ парчами миллиро парафшон ва миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда истодаанд.

Ба андешаи номбурда, ҳоло бозиҳои олимпии муосир дар дунё баландтарин қуллаи  варзиш ба ҳисоб рафта, тамоми варзишгарон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар бозиҳои олимпӣ иштирок намуда, медал ба даст оранд.

Ба иловаи ӯ, дар даврони Шӯравӣ агар варзишгаре соҳиби медал мешуд, ин медал  ба хазинаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намегардид. Пеш аз ҳама, на ба ҳар  варзишгари Тоҷикистон муяссар мегардид, ки иштирокчии мусобиқаҳои байналмилалӣ ва бозҳои олимпӣ шавад. Хушбахтона, имрӯз бо ба даст овардани соҳибистиқлолият варзишгарони тоҷик метавонанд дар бозиҳои олимпӣ иштирок намуда, давлат, парчам, фарҳанг ва расму оини миллати тоҷикро ба воситаи варзиш  ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

«Бори аввал соли 1996 дастаи  олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 9 нафар дар бозиҳои олимпӣ, ки дар Амрико баргузор гашт, расман иштирок  ва қувваозмоӣ намуданд.  Бори дуввум соли 2008 бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Пекин баргузор гардиданд ва Тоҷикистон тавонист дар ин мусобиқа 2 медали бозиҳои олимпиро ба даст орад. Инҳо- медали нуқраи бозиҳои олимпӣ аз ҷониби Абдусалом Юсупов ва медали биринҷӣ аз ҷониби Расул Боқиев дар риштаи дзюдо буданд.  Ҳамин тавр бозиҳои навбатии олимпӣ соли 2012 дар шаҳри Лондони Британияи Кабир баргузор гардида, дар он  дастаи олимпии Тоҷикистон иборат аз 16 нафар иштирок намуд.

Дар мусобиқаи мазкур Мавзуна Чориева дар риштаи  бокси занона дар вазни то 60 кг тавонист соҳиби  медали биринҷӣ гардад. Ҳамчунин соли 2016 дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки дар Рио-де Жанейрои Бразилия баргузор гардид, гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров медали тилло ба даст оварда, Тоҷикистонро дар миёни 206 давлати ҷаҳон ба зинаи 54-ум баровард. Ва  ин бори аввал буд, ки  Тоҷикистон дар бозиҳои олимпӣ соҳиби медали тилло  гардид»,- зикр кард котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Боиси ифтихор ва сарбаландӣ аст, ки ҳаракати олимпиро дар Тоҷикистон Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунанд. Ҳоло бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат тайи чанд соли охир наздики 5 ҳазор иншооти варзишӣ барои истифодаи ҷавонону варзишгарон супорида шуд. Танҳо дар  2 соли охир дар шаҳри Душанбе беш аз 150 майдончаи варзишӣ сохта шуд, ки он дар рушди намудҳои гуногуни варзиш ва дур шудани наврасону ҷавонон аз амалҳои номатлуб мусоидат мекунад.

Бояд гуфт, ки дар  заминаи таҷлили Рӯзи байналмилалии олимпӣ Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имрӯз баргузории силсилачорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардониро  ба нақша гирифтаанд.

Бахшида ба ин рӯз баргузории 300 чорабиниҳои варзишӣ дар назар дошта шуда, маросими расмии ифтитоҳи чорабиниҳо соати 6:30 дар Боғи ҷавонони шаҳри Душанбе аз машқҳои пагоҳирӯзӣ оғоз гардид.

Холисаи АСОМИДДИН,

АМИТ «Ховар»

 

Июнь 23, 2018 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Интернет барои хона» Steam-ро вусъат мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Академияи миллии илмҳо, Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад