Вазорати фарҳанг дар пойтахт майдоначаи варзишӣ бунёд кард
ДУШАНБЕ, 01.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон имрӯз дар маҳаллаи 103-юми шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Бобоҷон Ғафуров 42/1 майдончаи варзишии муҷаҳҳаз ба истифода дода шуд.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни ифтитоҳи майдонча Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода, намояндагони Кумитаи ҷавонон ва варзиш, муассисаҳои зерсохтори Вазорати фарҳанг, кӯдакони маҳалли гирду атроф ва волидайни онҳо иштирок доштанд.
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ зери оҳанги шӯхи карнаю сурнай оғоз гардид. Кӯдакони хушбахт ба истиқболи меҳмонон дар васфи Модар – Ватан шеърҳо хонданд ва ба майдонча ворид шуда, машғули бозӣ гардиданд.
Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода изҳор дошт, ки бунёди майдончаҳои варзишию фароғатии замонавӣ дар назди биноҳои истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе боиси хушнудии кўдакону наврасон ва сокинони шаҳр гашта, симои пойтахтро зебову дилоро мегардонад. «Шаҳри Душанберо биҳишти рӯи замин меноманд ва он дар ҳақиқат ба биҳишт табдил ёфта истодааст», — иброз дошт Шамсиддин Орумбекзода.
Сипас барномаи консертӣ манзури ҳозирин гардид. Ба кӯдакони маҳал аз номи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҳифзи кӯдакон тӯҳфаҳо аз қабили лавозимоти варзишӣ тақдим карда шуд.











Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






