«75 нафар занону духтарони бешуғл бо ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шуданд»- бардошт аз нишасти матбуотии ноҳияи Шоҳмансур
ДУШАНБЕ, 25.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе имрӯз доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ин мақомот дар шашмоҳаи аввали соли 2018 нишасти матбуотӣ доир шуд.
Нишасти хабарӣ бо ҳисоботи раиси ноҳия Низом Ҳакимзода оғоз гардида, зимни пешниҳоди он, аз ҷумла, зикр шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ қисми даромади буҷети ноҳия 104,8 фоиз иҷро гардид.
Номбурда иброз дошт, ки корхонаҳои саноатии ноҳия бо назардошти бахши ғайридавлатӣ дар ҳаҷми 123, 3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2017 — 4, 9 миллион сомонӣ зиёд мебошад, яъне он 104,2 фоизро ташкил медиҳад (бо индекси нархҳои истеҳсолӣ 100,0%). Аз 91 адад корхонаҳои саноатии ноҳия 36 адади онҳо ҳаҷми истеҳсолотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 110 фоиз зиёд таъмин намуданд.
Н. Ҳакимзода ҳамчунин ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия 5 маркази касбомӯзӣ — дар маҳаллаи Дӯстии халқҳо «Маркази омӯзиши ҳунарҳои қолинбофӣ ва адрасбофӣ» барои 20 нафар, маҳаллаи Камоли Хуҷандӣ «Маркази омӯзиши ҳунарҳои сӯзанӣ ва попурдӯзӣ» барои 20 нафар, дар маҳаллаи «Ховарон» «Маркази пухту пази маҳсулоти нонӣ» барои 10 нафар, инчунин «Маркази омӯзиши маҳсулоти қаннодӣ» ва «Маркази ҳунарҳои мардумии маҳаллаҳои 192-193» таъсис дода шуданд, ки дар онҳо 75 нафар занону духтарони бешуғл ба ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шуданд.
«Айни замон корҳо дар самти ташкили марказҳои омӯзиши ҳунарҳои сӯзанидӯзӣ, бофандагӣ, ҷомадӯзӣ, кӯрпачадӯзӣ, зардӯзӣ, нонпазӣ, қаннодӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ идома дошта, кӯшиш менамоем, ки сафи занону духтарони ҳунарманду кадбонуро дар ноҳия афзоем ва ба ин васила онҳоро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намоем», — афзуд Н. Ҳакимзода








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






