АДҲАМ КУЗЯЕВ: «БО ПИСАРАМ ФАХР МЕКУНАМ…». Собиқ бозингари тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бораи писараш Далер Кузяев, ки аз чеҳраҳои калидии тими мунтахаби футболи Россия мебошад

Июль 11, 2018 12:03

ДУШАНБЕ, 11.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Адҳам Кузяев, собиқ бозингари тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, дар бораи писараш Далер Кузяев, ки ҳоло аз чеҳраҳои калидии тими мунтахаби футболи Россия маҳсуб меёбад, бо хабарнигори рӯзномаи «Спорт-Экспресс» суҳбати муфассал анҷом додааст.

Адҳам Кузяеви 53-сола, ки аз соли 2015 инҷониб сармураббии  клуби футболи Эстония «Нарва-Транс» мебошад, дар суҳбат бо рӯзномаи «Спорт-Экспресс» изҳор доштааст, ки писараш Далер бозии сазовор нишон додааст, аммо муҳим дар ин бозӣ тим мебошад.

Ба суол дар бораи он, ки чаро Далер пештар ба бозиҳои Лигаи олӣ напайваст, падараш посух додааст, ки қадпастӣ монеа буд.

«Вақте мактабро хатм кард, миёни ҳамсинфон аз ҳама қадпаст буд. Ҳатто ба ҳайати дуюми «Зенит» қабулаш накарданд. Ба мудири Академияи футбол гуфтам, ин хосияти авлодиямон мебошад, ки якбора баъди 19-солагӣ қадбаланд мешавем. Бовар накард. Ҳам ман ва ҳам писарам Руслан якбора баъди 19-солагӣ қадбаланд шуда будем. Бо Далер ҳам чунин шуд», — изҳор доштааст собиқ бозингари тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон.

Ба гуфтаи Адҳам Кузяев, ҳузури тӯлонӣ дар лигаи дуюм баъзан писарашро руҳафтода мекард.

«Оромаш мекардам, ки ташвиш накашад, кор кунад. Мегуфтам, вақти ту ҳатман меояд. Ҳақ баромадам, қадаш ба 183 см расиду тануманд шуд. Феълан устувору тобовар аст», — мегӯяд падари Далер.

Дар мавриди майли Далер ба сигору арақнӯшӣ Адҳам Кузяев изҳор доштааст, ки дар оилаашон касе шароб наменӯшад.

«Анъанаҳоро пос медорем. Баъдан, реҷаи тамринот вазнин асту бозингарон медонанд, ки бидуни риояи реҷа ва тамриноти пайваста ба чизе ноил нахоҳанд шуд», — афзудааст собиқ бозингари тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон.

Дар мавриди ҳаёти шахсии Далер падараш гуфтааст, ки волидон ба он дахолат намекунанд.

«Танҳо чизе, ки пайваста талаб мекардем, таҳсилро канор нагузорад. Ӯ Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Санкт — Петербургро бо ихтисоси мудирияти корхонаҳои давлатию хусусӣ хатм намуд. Феълан дар аспирантура мехонад», — иттилоъ додааст Адҳам Кузяев.

Адҳам Кузяев афзудааст, ки бо писари аълохонаш ифтихор дорад.

«Дар шаҳодатномаи хатмаш ҳамагӣ як ё ду баҳои 4 мебошад. Барандаи олимпиадаи шаҳрӣ мебошад ва бидуни имтиҳон ба донишгоҳ қабулаш карданд. Фахр мекунам, ки чунин писар дорам», —  таъкид кардааст Адҳам Кузяев.

Далер — писари Адҳам ва набераи Кабир Кузяевҳо, аз футболбозони Тоҷикистони шӯравӣ мебошад.  Бобояш дар дастаи «Энергетик»-и Душанбе ва падараш дар тими «Шодмон» ва «Вахш»-и Тоҷикистон бозӣ кардаанд.  Далер Кузяев феълан дар дастаи «Зенит» ва тими мунтахаби Россия  ҳунарнамоӣ мекунад. Ӯ даъватҳои қаблӣ ба тими мунтахаби Тоҷикистонро рад карда, изҳор дошта буд, ки бо решаҳои тоҷикистонияш ифтихор дорад, аммо мехоҳад ба тими мунтахаби Россия роҳ ёбад.

Рашид Раҳимов, мураббии собиқи Далер аз бозии ӯ дар ҳайати тими мунтахаби Россия тавсиф карда, изҳор доштааст, ки ин ҷавон аз рақобат наметарсад.

«Мавсимҳои гузашта гуфтам, ки Далер арзандаи даъват ба мунтахаби Россия мебошад. Ҳатто агар дар ҳайати тим бозингарони қавитар аз Далер ҳам бошанд, вай дар канори онҳо рушд хоҳад кард», — таъкид намудааст Раҳимов.

Июль 11, 2018 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони тоҷик аз Парабозиҳои V Осиё бо дастоварди бузург ба Ватан баргаштанд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Муштзанҳои ҷавони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд
Мусобиқа оид ба футбол байни дастаҳои деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон ҷамъбаст гардид
Варзишгарони тоҷик дар Парабозиҳои V Осиё байни наврасон 4 медал ба даст оварданд
Варзишгари тоҷик Акмал Убайдов соҳиби медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс–2025 шуд
Байни деҳаю маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мусобиқаи футбол оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқи инсон ва механизмҳои амалишавии он ҷаласа доир гардид
Дастаи «Сардор»-и Турсунзода бори аввал ба Лигаи олии Тоҷикистон оид ба футбол баромад
Дастаи «Сипар» ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футзал гардид
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2025. Имрӯз дастаҳои «Соро компания» ва «Сипар» дар финал бозӣ мекунанд
«Истиқлол»-и Душанбе бори чордаҳум чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ шуд
«Истиқлол» баъди ғалаба бар дастаҳои «Ҳосилот» ва «Ҳулбук» ба садри ҷадвали Лигаи олӣ баромад